05:00 22 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.27
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
590 0 0

Президенти ҷумҳурии Қирғизистон, Сооронбой Жээнбеков ва раисиҷумҳури Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия бо ирсоли номаи шодбошӣ Эмомалӣ Раҳмонро бо пирӯзияш дар интихоботи раисиҷумҳури Тоҷикистон табрик кардааст

ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Сооронбой Жээнбеков аз номи мардуми Қирғизистон ва шахсан аз номи худ Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади Президенти Тоҷикистон табрик кардааст.

Ӯ изҳори боварӣ намудааст, ки бо саъю талошҳои муштарак кореро, ки ба таҳкими ҳамкории созанда ва таъмиқи муносибатҳои дуҷонибаи Қирғизистону Тоҷикистон бар асоси эътимоди мутақобила нигаронда шудааст, бар нафъи некӯаҳволии ду мардуми ба ҳам бародар идома хоҳанд бахшид.

Жээнбеков ба Эмомалӣ Раҳмон, сиҳатии комилу саодатмандӣ ва дар фаъолияти сермасъули давлатӣ комёбиҳо, ба мардуми бародари тоҷик сулҳу шукуфоӣ хостааст.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия, дар паёми шодбошияш ба Эмомалӣ Раҳмон аз эътимоди зиёди мардуми Тоҷикистон гуфта, комёбиҳои бардавом орзу намудаст.

"Хеле шод ҳастем, ки интихобот бо муваффақият ва дар фазои оромию осоиштагӣ баргузор гардид. Натиҷаи интихоботро ба мардуми Тоҷикистон  муборакбод  мегӯям. Итминон дорам, ки дар якҷоягӣ робитаҳоямонро, ки аз пайвандҳои зичи дӯстии байни мардумонамон ва кишварҳоямон неру мегиранд, дар давраҳои минбаъда низ вусъат хоҳем бахшид", - омадааст дар иттилоия.

Бо истифода аз фурсат ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, тансиҳатию хушбахтӣ  ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон шукуфоиву некӯаҳволии бардавом таманно дорам”.

Барчаспҳо:
шодбошӣ, табрик, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ