05:49 24 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.26
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
26 0 0

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда ва камабри бебориш мешавад, гузориш додааст Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 14 окт – Sputnik.  Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок  ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда шуда,  дар ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 0+5 ва рӯзона 14+19  дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда ва дар  баъзе ноҳияҳо камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво  дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук  то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 ва рӯзона 20+25  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2+7 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Ҳушдори ҳавосанҷон аз якбора сард шудани ҳаво дар Тоҷикистон: шамолу тӯфон ва борони сахт

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда ва  дар баъзе ҳолатҳо камабри бебормш мешавад.   Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. 

Ҳаво  дар водиҳо  шабона 2+7 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6 дараҷа гарм  ва рӯзона 14 +19 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои  камабри бебориш пешбинӣ шудааст.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 3+5 ва  рӯзона 19+21 дараҷа  гарм мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ