Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон гӯшвораи тиллоӣ ва тангаҳои давраи Юнону Бохтар ёфтанд

Обуна шудан
Дар шаҳристони Тахти Сангин, мавзеи таърихӣ дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон олимони тоҷик бозёфтҳои нодир пайдо карданд

ДУШАНБЕ, 14 окт – Sputnik. Дар шаҳристони Тахти Сангин аз ҷониби гурӯҳи бостоншиносони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бозёфтҳои хеле нодир, ба мисли гӯшвори тиллоӣ, тангаҳои давраи Юнону Бохтар ва сафолпораҳо пайдо гардиданд. Дар ин бора хабаргузории "Ховар" гузориш медиҳад.

Природа в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Олимони тоҷик бори нахуст дар ҷаҳон ду маъдани навро дар ҳудуди Тоҷикистон ошкор карданд

Гуфта мешавад, ин бозёфтҳо феълан мавриди омӯзиши бостоншиносон қарор доранд.

Олимони бритонӣ се нишонаи нави коронавирусро ном бурданд

"Ин мавзеи таърихӣ дар наздикии сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон ҷойгир буда, яке аз ёдгориҳои пурарзиши таъриху фарҳанги тоисломии тоҷикон маҳсуб меёбад", - менависад манбаъ.

Шаҳристони Тахти Сангин дар масоҳати зиёда аз 80 гектар ҷой гирифта, атрофи онро деворҳои баланди мудофиавӣ ишғол намудаанд. Ин мавзеи таърихӣ солҳои тӯлонӣ аз ҷониби бостоншиносони шӯравӣ ва хориҷӣ омӯхта шуда бошад ҳам, то ҳол тамоми ҳудуди шаҳр ва мавзеъҳои атрофи он ба таври пурра таҳқиқ наёфтааст.

Олимони туркӣ мегӯянд, коронавирус метавонад саратони мағзи сар ба вуҷуд орад

Лентаи хабарҳо
0