17:04 22 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.27
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
99 0 0

Сеюмин ҷаласаи Платформаи шарикӣ байни Тоҷикистон ва САҲА дар шакли видеоконференсия баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Иҷрокунандаи вазифаи Дабири кулли САҲА Туула Юрёла  аз нақши Тоҷикистон дар густариши ҳамкории қавии минтақавӣ ва таҳкими субот дар минтақа изҳори сипос кард, гузориш медиҳад Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.

Юрёла аз ҷумла фаъолияти Коллеҷи идораи сарҳадии САҲА барои кормандони аршадро дар Душанбе махсус қайд кардааст.

Бино бар иттилои манбаъ, 15 октябр сеюмин ҷаласаи Платформаи шарикӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шакли видеоконференсия баргузор гардид.

Гуфта мешавад, дар видеоконференсия ҳайати Тоҷикистонро муовини Вазири корҳои хориҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва ҳайати САҲА-ро иҷрокунандаи вазифаи Дабири кулли САҲА Туула Юрёла роҳбарӣ намуданд.

Ҷонибҳо фаъолияти САҲА-ро дар ҷумҳурӣ дар чорчӯби се ченаки ҳамкорӣ: низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ баррасӣ карданд.

Бахтиёр Худоёрзода ба нозирон САҲА аз омодагиҳои интихоботӣ маълумоти пурра дод

Иҷрокунандаи вазифаи Дабири кулли САҲА дар навбати худ аҳамияти Платформаи шарикии машваратиро ҳатто дар шароити душвори бемории ҳамагири COVID-19 ҷиҳати идомаи ҳамкории қавӣ ва амалӣ байни САҲА ва Тоҷикистон таъкид кард.

Номбурда ҳамчунин дафтари САҲА-ро барои андешидани иқдоми фаврӣ дар мутобиқсозии фаъолияти худ ҷиҳати дастгирии Тоҷикистон ситоиш кард. 

Мавзӯъҳои асосӣ