Ҳамкориҳо густариш меёбанд: САҲА аз Тоҷикистон изҳори сипос кард

© Sputnik / Сергей АверинЛоготип ОБСЕ, архивное фото
Логотип ОБСЕ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сеюмин ҷаласаи Платформаи шарикӣ байни Тоҷикистон ва САҲА дар шакли видеоконференсия баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Иҷрокунандаи вазифаи Дабири кулли САҲА Туула Юрёла  аз нақши Тоҷикистон дар густариши ҳамкории қавии минтақавӣ ва таҳкими субот дар минтақа изҳори сипос кард, гузориш медиҳад Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.

Флаг на автомобиле кортежа ОБСЕ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мулоқоти ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо нозирони САҲА дар арафаи интихобот

Юрёла аз ҷумла фаъолияти Коллеҷи идораи сарҳадии САҲА барои кормандони аршадро дар Душанбе махсус қайд кардааст.

Бино бар иттилои манбаъ, 15 октябр сеюмин ҷаласаи Платформаи шарикӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шакли видеоконференсия баргузор гардид.

Гуфта мешавад, дар видеоконференсия ҳайати Тоҷикистонро муовини Вазири корҳои хориҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва ҳайати САҲА-ро иҷрокунандаи вазифаи Дабири кулли САҲА Туула Юрёла роҳбарӣ намуданд.

Ҷонибҳо фаъолияти САҲА-ро дар ҷумҳурӣ дар чорчӯби се ченаки ҳамкорӣ: низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ баррасӣ карданд.

Бахтиёр Худоёрзода ба нозирон САҲА аз омодагиҳои интихоботӣ маълумоти пурра дод

Иҷрокунандаи вазифаи Дабири кулли САҲА дар навбати худ аҳамияти Платформаи шарикии машваратиро ҳатто дар шароити душвори бемории ҳамагири COVID-19 ҷиҳати идомаи ҳамкории қавӣ ва амалӣ байни САҲА ва Тоҷикистон таъкид кард.

Номбурда ҳамчунин дафтари САҲА-ро барои андешидани иқдоми фаврӣ дар мутобиқсозии фаъолияти худ ҷиҳати дастгирии Тоҷикистон ситоиш кард. 

Лентаи хабарҳо
0