05:34 24 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.26
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
847 0 0

Алӣ Бобоҷон, шоири маъруфи бачаҳои Тоҷикистон дар синни 84 – солагӣ пас аз зуҳри имрӯз дунёро тарк гуфт

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Дар таъйиди ин хабар дар Иттифоқи нависандагон ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ӯ бидуни ҳеҷ маризӣ ва пас аз зуҳри имрӯз вафот кард.

"Дирӯз он кас ба Иттифоқ ташриф оварда буданд. Зоҳиран ҳеҷ маризие надоштанд", - гуфтанд дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Алӣ Бобоҷон 10 феврали соли 1936 дар маҳаллаи Гумбазии шаҳри Конибодом ба ҷаҳон омада, факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм намудааст.

Фаъолияташро аз рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» оғоз намуда, муддате корманди илмии Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи улуми Тоҷикистон будааст.

Бино ба иттилои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, муаллифи 30 китоби гуногунжанру мухталифмаъно, мақолаю очерк, мураттиби бисёр баёзу тазкираҳои дастҷамъона мебошад, аммо аксарият аз хурдӣ ӯро ҳамчун адиби бачагону наврасон ва ҷавонон мешиносанд, бахусус бо шеъри "Дадои ман бинокор, бинокори тиллокор".

Муаллифи китобҳои "Бачаҳои хуб" (1963), "Мусича" (1965), "Парвози орзу" (1971), "Некӣ ба некӣ" (1975), "Осмондара" (1981), "Зардолуи маҳтобӣ" (1988), "Атри кӯҳистон" (1993), "Алифбои парандаҳо" (2013) ва ғайра мебошад.

Барои калонсолон низ маҷмӯаҳои "Гули бодом" (1966), "Мавҷи сурур" (1973), "Нилуфар" (1980), "Намаки зиндагӣ" (1986) ва ғайраро таълиф намудааст.

"Аз таронасароёни варзидаи кишварамон буда, ним аср ба ин сӯ бо оҳангсозу овозхонони кишвар тарона эҷод намудааст. Соли 1984 дар Озмуни «Беҳтарин суруд дар васфи Тоҷикистон» ҷойи аввалро гирифтааст", - гуфтанд дар Иттифоқи нависандагон.

Осори ӯ ба силсилаи "Китобхонаи бачагони халқҳои СССР" ворид шуда, ба забонҳои русию украинӣ, белорусию ӯзбекӣ, арманию озарӣ, қазоқию қирғизӣ, эстонию литвонӣ ва дигар забонҳо тарҷума ва чоп шудаанд.

"Китоби шеърҳояш "Устопарасту" (Боку, 1978) ба забони озарӣ, "Мусиқии баҳор" (2008) ба забони озарӣ ба табъ расидааст. Намунаҳои ашъораш дар Эрону Афғонистон ҳам чоп шудаанд.

Осори шоирони озарӣ - Т.Муталлибов "Чӯҷаҳо", С.Мамадзода - "Калид", тазкираи шуарои Ветнам - "Муҳаббат ва ғазаб" ба қалами ӯ мансубанд", - гуфтанд дар Иттифоқи нависандагон.

Алӣ Бобоҷон корманди шоиста (1998), Аълочии маорифи халқ (1982), аз соли 1972 узви Иттифоқи нависандагон ва аз соли 1973 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буд.

Барчаспҳо:
даргузашт, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ