11:41 31 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.07
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
7985 0 0

 Дар Тоҷикистон дар як рӯз ду олими соҳаи кишоварзӣ ва ду амакбача аз маризии қалб олами фониро тарк гуфтанд

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Яке Наҳтулло Назаров, доктори улуми кишоварзӣ, раҳбари дастгоҳи Маркази таҳқиқоти стратегии назди ҳукумати Тоҷикистон ва дигарӣ, Холмуъмин Эмомов, номзади улуми кишоварзӣ, мудири кафедраи меваю сабзавотпарварии Тоҷикистон мебошанд, ки ба қавли наздикон, имрӯз аз маризии қалб ҷон ба ҷонофарин таслим карданд.

"Ҳарду хеле ба ҳам наздик буданд. Ба қавле, луқмаи нонро бе ҳам намехӯрданд ё об аз гӯлӯяшон бе якдигар намегузашт. Аз қазо ҳарду ҳам маризии дил доштанд ва ҳарду дар як рӯз оламро тарк гуфтанд. Он дунё низ бо ҳам рафтанд", - гуфт яке аз дӯстони ин хонавода.

Ҳарду дар ноҳияи Фархори вилояти Кӯлоб (ҳоло Хатлон) таваллуд шудааанд. Наҳтулло Назаров соли 1957 ва Холмуъмин Эмомов соли 1964. Ҳарду дар солҳои гуногун Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм намудаанд.

Наҳтулло Назаров аз соли 1983 омӯзгор, сипас, аспирант ва раиси Иттифоқи касабаи Донишгоҳи кишоварзӣ буд, ки баъдтар сардори Раёсати кор бо ҷавонони ҳукумати шаҳри Душанбе таъин шуд. Даҳ сол намояндаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон буд (2000-2010). Пас аз парлумон дар вазифаҳои раиси шуъбаи Ҳизби халқӣ – демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе (2010 – 2017), муовини ректори Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хидмат (2017-2019) ва як соли ахир раиси дастгоҳи Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон кор кардааст.

Мотам дар вазорати саноат: Содиқҷон Рустамӣ, муовини вазир даргузашт

Ба фарқ аз ӯ, Холмуъмин Эмомов умри худро ба таълиму тарбия дар Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон бахшида, як муддат омӯзгор, баъдтар декани факулта ва солҳои ахир мудири кафедраи меваю сабзавотпарварӣ буд. Дар ҳамин ҷо низ ба унвони номзади илмҳои кишоварзӣ ва дотсентӣ расид.

Барчаспҳо:
даргузашт, кишоварзӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ