08:25 28 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
220 0 0

Оилаи Соҳибовҳо роҳи мошингарди деҳаи Зағертути шаҳри Левакантро бунёду навсозӣ карданд

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Ба иттилои мақомоти вилояти Хатлон, роҳи мазкур, ки деҳаи Зағертутро ба шаҳри Левакант мепайвандад, солиёни зиёд рӯйи таъмирро надида, дар ҳолати садамавӣ қарор дошт.

Таъкид шудааст, ки рафтуомади мардуми деҳа ба маркази шаҳр мушкил буд.

Манбаъ таъкид доштааст, ки дар бунёди роҳ соҳибкор 3 миллиону 300 ҳазор сомонӣ харҷ намудааст.

Инчунин манбаъ қайд намудааст, ки дар бунёди роҳ 7 техникаи муассисаи давлатии роҳҳои автомобилгарди шаҳр сафарбар гардид.

Қурбон Ҳакимзода ба соҳибкорони ин оила барои анҷоми кори хайр аз номи мақомоти вилояти Хатлон ташаккур гуфта, онҳоро бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадрдонӣ кард.

Раиси вилояти Хатлон зикр намудааст, ки иқдом дар зеҳну шуури наврасону ҷавонон эҳсоси ободгарӣ, созандагӣ ва ватанпарастиро тақвият медиҳад ва намунаи хуби пайравӣ мебошад.

“Имрӯзҳо бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти Тоҷикистон сокинони шаҳр дар маҳалҳои худ корҳои ободонию созандагиро вусъат бахшида истодаанд. Масалан, як гурӯҳ сокинони деҳаи Хуррамдеҳ тасмим гирифтанд, ки бо ҷалби маблағҳои худӣ ва саҳми соҳибкорон роҳи дохили деҳаро ба масофаи 4 километр таъмиру мумфарш намоянд. Маблағгузорӣ тариқи ҳашар ва саҳми ҳар як сокини маҳал ба роҳ монда шудааст, ки гувоҳи ҳисси баланди ватандӯстӣ мебошад, - гуфт Қурбон Ҳакимзода.

Барчаспҳо:
оила, деҳа, навсозӣ, таъмир, роҳ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ