06:36 30 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.11
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1524 0 0

Ҷанозаи Раҷаб Шоев, маъруф ба Раҷаби “Сиёҳ” ё “Самбреро”, яке аз афроди бонуфузи замони Шӯравӣ дар Душанбеву навоҳи атрофи он, ба Тоҷикистон интиқол ёфт ва дар имрӯз, 18 октябр дар зодгоҳаш ба хок супорида шуд

 ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Яке аз наздикони марҳум ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Раҷаб Шоев дар Русия ба маризии инсулт гирифтор шуда, дар синни 67 – солагӣ олами фониро тарк кардааст.

“Тақрибан се рӯзи қабл фишори ӯ боло рафта, дигарбора сактаи мағзи сар шуд ва вафот кард. Ҷанозаи ӯ шаби гузашта аз Маскав ба Душанбе интиқол ёфт”, - гуфт ӯ.

Раҷаб Шоев, ки ба далели сабзинагӣ “Сиёҳ” ва ҳам ба хотири дар овони ҷавонӣ ба сар доштани кулоҳи лаббапаҳни испониёӣ “Самбреро” лақаб дошт, яке аз афроди бонуфуз дар Душанбеву ноҳияҳои атроф ва замони ҷанги дохилӣ аз фармондеҳони раддаи поёни неруҳои мухолифини тоҷик буд.

Ӯ соли 1993 пас аз ба қудрат расидани ҳукумати феълии Тоҷикистон ба Русия рафта, ба тиҷорат машғул шуд. Ба қавли наздикон, ӯ дар деҳаи Каменкаи 14 – километрии шаҳри Козелски ноҳияи Козелски вилояти Калугаи Русия иқомат гузид ва тадриҷан анқариб тамоми хешовандони наздикони хешро ба он ҷо барои зиндагии доимӣ кӯч дод.

Талафоти бузург дар фурудгоҳи Хуҷанд: Абдумалик Ҳафизов, муовини сартабиб даргузашт

“Деҳа ҳоло қариб як деҳаи тоҷикӣ шудааст. Ба ҷуз мо тоҷикони дигар минтақаҳо низ дар ин ҷо сукунат доранд. Мардум бо урфу одатҳои тоҷикӣ зиндагӣ мекунанд. Ин як хизмати бузурги Раҷаб Шоев барои мардуму ватанаш буд”, - гуфтанд онҳо.

Дар бораи Раҷаб Шоев иттилои бештаре вуҷуд надорад. Ба қавли наздикон, ӯ дар ҳеҷ ҷинояте даст надошт, аммо аз ҳамон рӯзе, ки ба Русия рафт, ҳатто пас аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дигар ба ватан барнагашт.

Бозгашти ӯ бо марг ва даруни тобут иттифоқ афтод, ки тибқи васияташ, дар қабристони деҳаи Ҳазрати Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ ӯро дар канори волидайнаш ба хок супориданд.

Мавзӯъҳои асосӣ