10:39 04 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1183 0 0

Ин дар ҳоле аст, ки имсол нахустин бор дар Тоҷикистон арзиши сомонӣ дар баробари доллар аз 10 сомонӣ фаротар рафт

ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистони далели аслии камбуди арзҳои хориҷӣ ва ба вижа долларро дар бозори муомилоти дохилии ин кишвар тавзеҳ дод, гузориш медиҳад "Парс тудэй" дар истинод ба радиои "Садои Хуросон".

Бино бар иттилои манбаъ, дар баёнияи Бонки миллии Тоҷикистон таъкид шудааст, ки камбуди арзҳои хориҷӣ дар ин кишвар ҳамвора вуҷуд дошта, аммо бо баста шудани марзҳо бо шарикони аслии тиҷорӣ ва коҳиши содироти маҳсулот ба далели густариши вируси корона мушкили камбуди арзҳои хориҷӣ низ бештар шуд.

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

"Тоҷикистон дар 9 моҳи имсол наздик ба як миллиард доллар содирот ва 3 миллиард доллар воридот доштааст аз ин рӯ камбуди рӯзонаи доллар дар бозори дохилии Тоҷикистон дар фаслҳои тобистон ва зимистон байни 8 то 25 миллион долларро ташкил мекунад", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Ин дар ҳоле аст, ки имсол нахустин бор арзиши сомонӣ дар баробари доллар аз 10 сомонӣ фаротар рафт.

 

Акнун ҳар доллар 10 сомонӣ ва 33 дирам хариду фуруш мешавад, ки дар бозори ғайри расмӣ ин шохис ба маротиб бештар аст.

Бино бар эълони тозаи Бонки миллӣ, ин ниҳод арзиши долларро нисбат ба сомонӣ барои имрӯз 10, 3368 сомонӣ муайян кардааст.

Мавзӯъҳои асосӣ