02:15 05 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
268 0 0

"Барқи тоҷик" далели коҳиши содироти барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистонро кам шудани мизони оби вурӯдӣ ба садди нерӯгоҳи барқи обии Норак эълом кардааст

ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik.  Тоҷикистон имсол содироти барқ ба се кишвари ҳамсояро ба мизони 43 дарсад дар муқоиса ба давраи мушобеҳи соли қабл коҳиш додааст.

Нурекская ГЭС
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Тавре хабаргузории "Парс тудэй" дар истинод ба радиои "Авеста менависад, имсол арзиши молии содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон 48 миллиону 326 ҳазор доллар буд.

Ин шохис дар давраи мушобеҳи соли қабл 85 миллиону 300 ҳазор долларро ташкил карда буд.

Ширкати "Барқи тоҷик" далели коҳиши содироти барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон, Ӯзбекистону Қирғизистонро кам шудани мизони оби вурӯдӣ ба садди нерӯгоҳи барқи обии Норак эълом кардааст.

Қарзи барқи аҳолӣ ва корхонаҳои Кӯшониёну Вахш назди ба 83 миллион сомонӣ расид

Аз ин рӯ мизони содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистону Ӯзбекистон дар шаш моҳи нахусти имсол нисбат ба соли гузашта бо 345 миллион киловат соъати коҳиш ба 912.4 миллион киловат соъат расида ва Душанбе наметавонад ба таъаҳҳудоти хеш дар бораи интиқоли барқ ба ин ду кишвари ҳамсоя амал кунад.

Мавзӯъҳои асосӣ