16:41 01 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
18910

Ҳадафи асосии гузаронидани озмунҳо дарёфт ва рушди қобилияти эҷодӣ, таваҷҷуҳ ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ дар байни хонандагон, инчунин паҳн ва оммавӣ гардонидани донишҳои илмӣ дар байни насли наврас гуфта мешавад

ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Нахустин бор дар шаҳри Душанбе дар Пажӯҳишгоҳҳои  илмӣ — тадқиқотии Академияи миллии илмҳои  Тоҷикистон маҷмӯи чорабиниҳо баргузор мешаванд, ки асоси онҳоро олимпиада бо ширкати хонандагони макотиби пойтахт (мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо) барои дарёфти Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил медиҳад, баргузор мешавад.

Бино ба гузориши АМИТ "Ховар", олимпиада аз 22 октябр то 27 ноябр гузаронида шуда, соли оянда дар асоси таҷрибаи андӯхта баргузории ин олимпиада дар миқёси ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст.

Мудири Пажӯҳишгоҳи физика ва техникаи ба номи С. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Шокир гуфт, олимпиада дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи "Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф" барои солҳои 2020-2040 ташкил шудааст.

Олимпиада дар ду марҳила баргузор мешавад. Марҳилаи аввали озмун дар муассисаҳои таълимии пойтахт дар байни хонандагони синфҳои болоӣ баргузор мегардад. Аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи аввал ба даври дуввуми ниҳоӣ, ки дар пажӯҳишгоҳҳои илмӣ — тадқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор мешаванд, беш аз 40 нафар ғолибон роҳ дода мешаванд.

"Аз соли 2014 Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Олимпиадаи ҷумҳуриявиро барои Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар байни донишҷӯён баргузор менамояд ва он маъмулан ҳар сол моҳи март доир мешавад. Олимпиадаи ҳозира аз озмуни донишҷӯён аз бисёр ҷиҳатҳо фарқ мекунад, масалан, он дар байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз рӯи фанҳои муайян: физика — 22-23 октябр, математика — 29-30 октябр, химия — 12-13 ноябр, биология ва зоология — 19-20 ноябр, ҷуғрофия ва геология — 26-27 ноябр гузаронида мешавад", — шарҳ дод роҳбари Пажӯҳишгоҳи физика ва техникаи ба номи С.Умаров.

Ташкилкунандагон ваъда медиҳанд, ҷадвали олимпиада васеъ хоҳад буд ва дар баробари иштирок дар  олимпиада, интизор меравад, ки мактаббачаҳо бо озмоишгоҳҳои пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ шинос шуда, дар лексияҳои академикҳо, аъзо-корреспондентҳо ва директорони пажӯҳишгоҳҳои соҳавӣ иштирок намоянд.

Ҳамин тариқ, озмун оид ба фанни якуми даври дуввум 22 октябр дар Пажӯҳишгоҳи физика ва техникаи ба номи С. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Барчаспҳо:
табиӣ, риёзӣ, Олимпиада, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ