08:42 02 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.54
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (864)
394310

Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд зимни баргузории ҷаласа, аз бемасъулиятии раисони маҳаллаҳо дар бораи пешгирӣ ва мубориза бо бемории COVID-19 изҳори нигаронӣ варзид

ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Муҳаммадзода дар иҷлосияе, ки дар он фаъолияти нуҳ моҳаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Хуҷанд натиҷагирӣ карда мешуд, аз бемасъулиятии раисони маҳаллаҳо ҷиҳати пешгирии бемории коронавирус интиқод кард.

"Давлату ҳукумат ба шумо бовар карда вазифа додааст. Имрӯз вақти он аст, ки ба вазифаатон содиқ бошед, мардумро ҳимоя намоед, барои саломатии мардум чораандешӣ кунед, то мардум аз беморӣ талаф наёбад. Мутаасифона ягон чорабинӣ накардед, ягон ташаббус, ягон пешниҳод нисбати хуруҷи бемории COVID-19 аз ҷониби раисони маҳаллаҳоро надида истодаем. Дар оғоз як ду бор корҳои безарагардониро гузаронидед, дигар ҳоло аз ёди ҳама ин корҳо баромада рафт", - иброз намуд Муҳаммадзода.

Мушкили хуруҷи бемории COVID-19 ва роҳҳои пешгирии он, аз мавзӯъҳои меҳварии ҷаласаи ҳукумати шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб мерафт. Ва бино бар таъкиди масъулини иҷлосия, шаҳри Хуҷанд яке аз шаҳрҳои осебпазир аз лиҳози хуруҷи ин беморӣ гардидааст.

Фирӯза Нуруллозода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ дод, ки аз оғози сабти пандемияи каронавирус то имрӯз дар маркази Суғд, 4 ҳазору 650 мавриди сирояти беморӣ қайд шудааст, аз ин шумор 3114 нафар дар Бемористонҳои клиникавӣ, сироятӣ ва таваллудхонаи Хуҷанд табобат гирифта ва 1536 нафар дар зери муоинаи амбулатории духтурон қарор доштанд.

Муовини раиси шаҳри Хуҷанд омори охирини сироятёбӣ ва табобати сокинонро дар ҷаласа ироа намуд.

"Айни ҳол 128 нафар бо сирояти илтиҳоби шадиди шуш дар беморхонаҳо, 64 нафар бо ҳамин гуна ташхиси беморӣ дар табобати амбулаторӣ ва 35 нафар бо аломати COVID-19 зери назорати амбулаторӣ қарор доранд. Аз тарафи духтурони оилавӣ ва кормандони МНДСЭ муоинаи эпидемиологии манбаҳои сироят гузаронида шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди пешгирии роҳҳои сироятёбӣ аз шахси бемор, аъзоёни оила ва дигарон гузаронида шудааст", -  зикр намуд, Нуруллозода.

Ҳарчанд дар ин ҷаласа иттилоъ дар бораи шумори фавт аз беморӣ гуфта нашуд, вале раиси Хуҷанд аз маргумири сокинон нигаронӣ кард ва ба муовинонаш дар барои барканор кардани раисони маҳаллаҳое, ки дар ин самт дуруст карбарӣ накардаанд дастур дод.

"Ин шухӣ нест, ҷони одам рафта истодааст. Талафот шуда истодааст. Раисони маҳалла медонед, кӣ аз кадом кӯча бо кадом сабаб фавтид. Тамом, мо дигар муҳлат дода наметонем, ки як моҳ ё ду моҳ корашро дуруст карда тавонад. Таҳлил мекунетон, ки кадом раиси маҳалла дар ҳамин самт бетарафӣ карда бошаду корро дуруст ба роҳ намондааст, барои ман гузориш медиҳетон, дигар ягон рӯз кор намекунад. Кор мекардагиш кор мекунад, кор намекардагия ба ҷояш дигар кас таъйин карда мешавад. Шахсони масъулро мондан даркор, ки дар ин масъала дуруст корбарӣ кунанд", -  гуфт раиси шаҳри Хуҷанд.

Алҳол дар шаҳри Хуҷанд 22 маҳалла мавҷуд мебошад.

Маъруф Муҳаммадзода аз масъулони шуъба ва бахшҳои кор бо ҷавонон, занон, фаъолони маҳаллаҳо, имомхатибон, омӯзгорон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даъват намуд, ки барои пешгирӣ ва мубориза бо ҳамагири каронавирус чораҳои зарурӣ андешанд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (864)
Барчаспҳо:
бемасъулиятӣ, муҳлат, раис, Хуҷанд, Маъруф Муҳаммадзода

Мавзӯъҳои асосӣ