06:49 25 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.41
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
279201

Дар Тоҷикистон як арбоби барҷастаи давлати шӯравӣ, собиқ раиси кумитаи иҷроияи шаҳри Душанбе Набӣ Шораҳмонов дунёи фониро падруд гуфт

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Набӣ Шораҳмонов ходими намоёни давлатӣ ва собиқ раиси кумитаи иҷроияи шаҳри Душанбе дар синни 82 - солагӣ вафот кард, хабар медиҳад агентии "Авеста".

Ба иттилои манбаъ, Шораҳмоновро дар яке аз қабристонҳои пойтахт ба хок месупоранд. Иллати марги ин ходими давлатӣ номаълум аст.

Набӣ Шораҳматов соли 1939 дар шаҳри Истаравшан дар оилаи ҳунарманд ба дунё омадааст.

Соли 1962 вай ба ҳайси механики маҳаллӣ дар трести "Душанбестрой" ба кор шурӯъ кард ва сипас ба Вазорати нақлиёт ва роҳҳои автомобилгарди ҶШС Тоҷикистон гузашт.

Мотам дар вазорати саноат: Содиқҷон Рустамӣ, муовини вазир даргузашт

Дар охири солҳои 70-ум Шорахмонов ба сафи Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон даъват карда шуд ва дар он ҷо аввал муовини раиси Госснаб буд ва дар аввали солҳои 80-ум шӯъбаи нақлиётии КМ ПК Тоҷикистонро роҳбарӣ мекард.

Дар сессияи Шӯрои вакилони халқи шаҳр дар соли 1982 вай раиси кумитаи иҷроияи шаҳри Душанбе интихоб шуда, дар он ҷо то бозсозӣ кор кардааст.

Маълум аст, ки Шораҳмонов дар бунёди корхонаи электрохимиявии Ёвон ва меҳмонхонаи "Тоҷикистон" дар маркази пойтахт саҳм гузошта, ба унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон сазовор шудааст.

Барчаспҳо:
даргузашт, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ