Кӣ донотар: оғози даври шаҳрии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" дар Душанбе

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевЖители города Душанбе в защитных масках на улице
Жители города Душанбе в защитных масках на улице  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Душанбе аз 20 то 23 октябр даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" доир мегардад

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Имрӯз бо ибтикори мақомоти шаҳри Душанбе дар "Маркази кӯдакону наврасон"-и пойтахт даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" оғоз гардид.

Озмуни мазкур то 23 октябри соли равон  идома меёбад. 

Дар ин бора АМИТ "Ховар" бо такя ба Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбехабар доданд.

"Дар рӯзи аввали даври шаҳрии озмун 32 нафар довталабон аз ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз рӯи номинатсияҳои "Хондан ва аз ёд кардани осори адибони классики тоҷик",  "Хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик", "Хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик", "Хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон" ва номинатсияи "шоирӣ" байни худ рақобат намуда, ба ҳайати ҳакамон истеъдоди худро муаррифӣ менамоянд",-афзуд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки дар даври ноҳиявии озмуни мазкур довталабони зиёд ширкат карда, 170 нафар беҳтаринҳо  ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтаанд.

В Душанбе открылась ярмарка школьных товаров - Sputnik Тоҷикистон
Замони тақсимоти китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров ба мардуми Тоҷикистон маълум шуд

Ғолибони озмун бо мукофотпулӣ ва диплому сипосномаҳои мақомоти шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуда, соҳиби роҳхат ба даври ниҳоӣ, яъне даври ҷумҳуриявии озмуни "Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст" мегарданд.

Духтараки панҷакентие, ки Раҳмонро бо шеърхонияш дар ҳайрат гузошт, Шоҳҷоиза гирифт

Ёдовар мешавем, ки Озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" бо Амри президенти Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2020 миёни тарбиятгирандагону хонандагони макотиб ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун баргузор мешавад.

Ин озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносию худогоҳӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ гузаронида мешавад.

Лентаи хабарҳо
0