ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз фоҷеабор ҳалок шудани як зани ронанда Гулхумор Шукниева дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб хабар додааст.
Гуфта мешавад, "ронандаи автомашинаи тамғаи "Тайота-Ландкрузер", Шункиева Гулхумор Шункиевна, соли таваллудаш 1963, ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат кардан дар шоҳроҳи “Душанбе-Кулоб”, дар 90,2-ум километр аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба канали обгузар чаппа кардааст".
Дар натиҷа худи ронанда, Шункиева Г.Ш. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофири автомашинаи мазкур Исмоилова Тухтахон Айтақуловна, соли таваллудаш 1957, сокини ноҳияи мазкур ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Шарҳи ВКД дар бораи садамае, ки ҷони Диловари Зуҳуриёнро гирифт
Ҳамчунин бино бар иттилои ВКД, 20-21 октябр дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дастикам ду тани дигар ҳалок шуданд.