19:31 01 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.56
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
84 0 0

Давоми соли 2020 дар хоҷагиҳои ҷангали минтақаи Кӯлоб 129,6 гектар ҷангалзори нав ва дар 13 гектар ниҳолхона бунёд карда шудааст

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Тайи соли равон дар минтақаи Кӯлоб инчунин ҳудуди 399,4 гектар ҷангалзор барқарор гардида, дар  ниҳолхонаҳо парвариши буттаву  дарахтони  гуногун роҳандозӣ шуд, хабар дод “Ховар”.

Ба иттилои манбаъ, ҳоло кормандони хоҷагиҳои ҷангал дар баробари омодагӣ ба мавсими сармо баҳри иҷрои нақшаи ҷамъоварии мева ва гиёҳҳои шифобахш низ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

“Аз ҳисоби ҷамъоварӣ ва хушконидани меваҳо дар қитъаҳои  махсуси ҷангалзор барои ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагони нодир маводи хӯрокӣ барои зимистон захира карда мешавад”, - омадааст дар иттилоия.

Ба иттилои масъулин, имсол барои зимистонгузаронӣ дар хоҷагиҳои ҷангал аз нақша зиёд коҳу беда ва хӯроки серғизо захира карда шудааст. Таъкид шудааст, ки ҳифзу нигаҳдории ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагони нодир, ки дар ҷангалзор сукунат доранд, вазифаи аввалиндараҷаи кормандони хоҷагиҳои ҷангал мебошад.

Барчаспҳо:
Кӯлоб, ҷангал, ҷангалбонҳо, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ