05:39 27 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.44
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
129 0 0

Ин кумаки молии бонк барои беҳбуди сифати омӯзишу интишори китобҳои дарсии мактабҳо ҳазина хоҳад шуд.

 

ДУШАНБЕ, 24 октябр - Sputnik. Созишномаи кумаки молии 3 миллиону 700 ҳазордолларии Бонки исломии рушд барои иҷрои барномаи роҳбурдии бахши маорифу илми Тоҷикистон имзо шуд.

Ба  нақл аз сомонаи Вазорати маорифу илми Тоҷикистон, ин созишномаро Муҳамадиюсуфи Имомзода- вазири маорифу илм, Усама Маккавӣ- мудири Дафтари ЮНИСЕФ дар Душанбе, Иброҳими Шакурӣ- мудири Дафтари намояндагии Бонки исломии рушд дар Осиёи Марказӣ ва Ториқ Муҳаммадхон- масъули умури Тоҷикистон дар ин ниҳоди молӣ имзо кардаанд.

Сӯҳбати сафири тоҷик бо намояндаи Бонки Исломии Рушд: аз ҳамкорӣ то коронавирус

Ба далели қарор доштани Дафтари намояндагии Бонки исломии рушд дар Осиёи Марказӣ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон масъулони ин ниҳоди молӣ аз тариқи иртиботи тасвирӣ мувофиқати хешро бо ихтисоси кумаки молии 3 миллиону 700 ҳазордолларӣ барои иҷроӣ кардани барномаи роҳбурдии рушди бахши маорифу илми Тоҷикистон таъйид карданд.

Дар чорчуби барномаи ҳамкории 4 солаи Тоҷикистон бо ЮНИСЕФ ва Бонки исломии рушд ин кумаки молӣ барои беҳбуди сифати омӯзишу интишори китобҳои дарсӣ ҳазина хоҳад шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ