05:49 03 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
23101

Се раисҷумҳури кишварҳои хориҷ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати интихоб шуданаш ба мансаби олӣ шодбош гуфтаанд

ДУШАНБЕ, 24 октябр - Sputnik. Бино бар иттилои котиботи президент, Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати дигарбора интихоб шуданаш ба мансаби олии президентӣ кишвардорони се ҷумҳурӣ муборакбод намудаанд.

Ҳамин тавр, президенти Чехия Милош Зееман пас аз сухани шодбошӣ таъкид бар тақвияти муносибатҳои кишвараш бо Тоҷикистон кардааст.

Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ гуфтааст, "ман мутмаинам, ки аз нав интихоб шуданатон барои муҳлати нав ба мансаби Президентӣ ин шинохти воқеии Шумо, Ҷаноби Олӣ, ба шумор рафта, аз он шаҳодат медиҳад, ки мардуми  Тоҷикистон ба Шумо ҷиҳати идома додани ин рисолати сермасъул ба Шумо эътимод ва боварӣ дорад".

"Ҳамчунин,  ҷаноби Президент, мехоҳам рағбати ин ҷонибро ба ҳамкорӣ бо Шумо ҷиҳати густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни кишварҳоямонро дар солҳои оянда бар нафъи ду ҷониб таъкид намоям", - таъкид кардааст ас-Сисӣ.

Бо гузашти низомӣ: замони савгандёдкунии Раҳмон маълум шуд

Президенти Ҷумҳурии Мардумии Бангладеш Абдул Ҳамид низ дар номааш дигарбора интихоб шудани Раҳмонро "далели изҳори эътимоди мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон" гуфтааст.

Вай ба президенти тозаинтихоб саломатии қавӣ, умри дарозу хушбахтӣ ва ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳи пойдор, тараққӣ ва шукуфоӣ хостааст.

Мавзӯъҳои асосӣ