Субҳ аҳволаш беҳтар буд: даргузашти нобаҳангоми Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад аз "илтиҳоби шуш"

© Pixabay/kpereira52291Свеча
Свеча - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад, рӯзноманигори собиқадор ва муовини сармуҳаррири рӯзномаи ҳукуматии “Садои Конибодом” дар синни 66-солагӣ дунёи фониро падруд гуфт

ДУШАНБЕ, 24 окт – Sputnik. Абдусаттор Содиқов, сармуҳаррири рӯзномаи “Садои Конибодом” дар тайиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ҳамкораш Ашӯрмуҳаммад дар Бемористони шаҳр аз бемории монанд ба “илтиҳоби шуш” табобат мегирифт, вале зуҳри имрӯз ҷон ба Ҳақ таслим намуд.

“Ду рӯз пеш аз интиқол ёфтанашон ба Бемористон хабар ёфта будем. Суҳбат мекардем. Саҳарӣ аз ҳамсарашон пурсида будам гуфтанд, ки хеле хуб шудаанд ва иштиҳояшон ҳам беҳтар шудааст. Ҳоло наздик ба вақти зуҳр мефаҳмем, ки бандагӣ кардаанд. Хабари даргузашти Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад бе ихтиёр барои мо риққатбор аст. Ба аҳли хонавода ва дӯстонашон ҳамдардии худро мерасонам”, - зикр намуд Содиқов.
Сироджиддин Бобоев, ученый-фольклор, Института экономики и торговли Таджикского государственного университета коммерции в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон
Даргузашти Сироҷиддин Бобоев, олими фолклоршиноси Донишгоҳи Хуҷанд аз “илтиҳоби шуш”

Ҷаноза шоми имрӯз соати 17:00 дар манзили рӯзноманигор баргузор шуда, ӯро дар қабристони ҷамоати Ортиқов ба хок месупоранд.

Маҳмуд (Қулдошев) Ашӯрмуҳаммад, 20- уми сентябри соли 1954 дар деҳаи Диловари ҷамоати деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқов дар шаҳри Конибодом таваллуд шудааст. Факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии педагоги (ҳозира Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) -ро хатм карда, аз соли 1972 фаъолияти меҳнатиашро дар коргоҳи ресандагӣ бофандагии шаҳри Конибодом шурӯъ намудааст.

Даргузашти Диловари Зуҳуриён, оҳангсози шинохта баъди тӯйаш-аксу видео

Солҳои 1982-1992 ӯ дар вазифаҳои ходими илмӣ, мудири шуъба ва муовини сармуҳарри рӯзномаи ҳизбии “Машъали комунизм” кор кардааст. Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад як муддат раиси бахши конибодомии Бунёди забони байналмиллалии забони форсии тоҷикиро бар уҳда доштааст.

Дар солҳои 1993 - 2000 мушовири созмони вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар Суғд фаъолият намуда, солҳои 2000-2011 хабарнигори ҳафтавори мустақили “Суғд” дар шаҳри Конибодом буд. Соли 2011 ба рӯзномаи ҳукуматии “Садои Конибодом” пайваст.

Дар оғоз котиби масъул буд, ва нафаси охири муовини сармуҳарри ин рӯзномаро бар уҳда дошт. Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад аз рӯзноманигорони сермаҳсуле шинохта мешавад, ки дар инъикоси масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа нақши басо назаррасе доштааст.

Ӯ ҳамчунин дар нашри чанд китоб аз ҷумла силсилаочеркҳои “Ҳаёти одамони наҷиб” ва “Дар кӯи некномӣ” саҳм гузоштааст. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, дорандаи унвони Аълочии матбуоти Тоҷикистон ва барандаи ҷоизаи журналистии ба номи Ҳоҷи Содиқ мебошад.

Қарор аст, имрӯз соати 17 и бегоҳ ҷанозаи Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад дар зодгоҳаш дар деҳаи Диловарони шаҳри Конибодом баргузор гардад. Ин дуюмин мавриди даргузашти рӯзноманигорон аз бемории “илтиҳоби шуш” гуфта мешавад, ки талафоти он ҷуброннопазир аст.

Рӯзи 13 октябр Мавлуда Рофиева, хабарнигори Ожонси иттилоотии Asia - Plus ва роҳбари дафтари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар синни 57 - солагӣ аз олам даргузашт.

Лентаи хабарҳо
0