14:55 03 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
130 0 0

Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ дар Суғд ба ронандагони мошинҳои боркаш ҳушдор медиҳад, ки минбаъд ҳангоми ҳаракат дар кӯчаҳо аз болопӯши ҳимоявӣ истифода баранд, то роҳро ифлос накунанд

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik.  Кормандони БДА дар вилояти Суғд зимни гузаронидани чорабинии мақсаднок нисбати 20 нафар ронандаи боркашон маводи маъмурӣ тартиб додаанд, гузориш медиҳад ВКД Тоҷикистон.

Ҳамзамон ба чанде аз роҳбарони корхонаву ширкатҳои сохтмонӣ барои рафъи камбудиҳо амрномаҳо дода шуд.

Бино бар иттилои манбаъ, ронандаҳои мазкур  тариқи ҷодаҳои нақлиётгарди маркази маъмурии вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои атрофи он ҳамарӯза кашонидани борҳои пошхӯрандае аз қабилу хоку шағал тавассути нақлиётҳои боркаш машғул буда, роҳро ифлос мекунанд.

Ба иттилои БДА маҳз бо ҳамин сабабҳо дар чорроҳа ва кӯчаҳои асосӣ рехтаҳои шағалу хок тозагии шаҳри Хуҷандро ифлос мекунад. 

"Мутассифона ронандаҳо ва ягон нафар аз роҳбарони ташкилоту корхонаҳое, ки аз хизматрасонии кирояи ин нақлиётҳои боркаш истифода мебаранд, барои тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву роҳҳо чораҷӯӣ намекунанд ва сари ин масъала ташаббусе ҳам нишон намедиҳанд. Тавсияву дастур ба ронандаҳои боркаш ҷиҳати пӯшонидани бордони нақлиёт тавассути пардаҳои сахти резинӣ кифоя аст, ки пеши чунин бетартибии ислоҳшаванда гирифта шавад", - мегӯяд манбаъ.

БДА аз  ронандаҳои воситаҳои нақлиёт ва роҳбарони корхонаву ширкатҳои сохтмонӣ талаб мекунад, ки иҳати тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву роҳҳо масъулият ҳис кунанд. Ба ҳолатҳои бепардаи ҳимоявӣ кашонидани борҳои пошхӯранда роҳ надиҳанд ва хислати покизакорӣ нишон дода, оини шаҳрдориро риоя намоянд.

Қаҳрамонии як мансабдори БДА: донишҷӯдухтарро аз худкушӣ дар Сирдарё наҷот додааст

Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар моддаи 291 қисми 2 барои ифлос кардани роҳ ва бавуҷуд овардани монеа барои ҳаракат дар роҳ ба шахсони воқеъӣ ба андозаи аз 5 то 7 нишондиҳанда ва ба шахсони мансабдор ба андозаи аз 20 то 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва моддаи 322 барои бо нақлиёт кашонидани борҳои пошхуранда, ки пардаи ҳимоявӣ надоранд, ба андозаи аз 2 то 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримаи маъмурӣ муқаррар кардааст.

 

Барчаспҳо:
ҷарима, БДА, роҳ, Суғд

Мавзӯъҳои асосӣ