"Корона" садди роҳ нест: хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ 6 медал гирифтанд

Обуна шудан
Олимпиадаи байналмилалии математика ва робототехника таҳти унвони "International Math Challange" ҳамасола дар кишвари Тайланд баргузор мешавад ва имсол бошад онлайн доир гардид

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Шаш толибилми Муассисаи давлатии таълимии "Литсей барои хонандагони болаёқат"-и шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи байналмилалии "International Math Challange" иштирок намуда, ҳамаашон дар он медал ба даст оварданд.

III Школьная олимпиада НУР 2019 - Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе аз фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ олимпиада баргузор мешавад
Тавре дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд гузориш медиҳад, дар олимпиадаи мазкур 1600 нафар аз 70 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд.

"International Math Challange", ки ҳамасола дар Тайланд баргузор мешуд, имсол онлайн доир гардидааст.

Ҳамин тавр, пас аз даври интихобии озмун ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифта, дар ин давр тариқи онлайн  аз худ маҳорати баланд нишон дода, соҳиби мақоми ифтихорӣ гардиданд. Дар натиҷа хонандагони синфи 4-ум Абубакр Абулқосимов ва Юсуфҷон Турсунзода соҳиби медали тилло, хонандагони синфи 7-ум Меъроҷ Собирзода, Мирзоибодулло Абдуқодиров ва Анӯшервон Каримов соҳиби медали нуқра ва хонандаи синфи 8-уми муассиса Исматҷон Шамсиев соҳиби медали биринҷӣ гардиданд.

Донишҷӯи тоҷик бо медали президенти Русия қадрдонӣ шуд

Ғолибон бо диплом, медал ва Ҷоми олимпиадаи байналмилалӣ қадрдонӣ гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0