Дар Ҷайҳун ҳам майдони Парчам ва Нишони давлатӣ месозанд

Обуна шудан
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун нақша доранд, ки иншооти мазкурро то таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расонида, ин маконро барои баргузории барномаҳои фарҳангию сиёсӣ омода намоянд

ДУШАНБЕ, 28 окт – Sputnik. Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад, хабар медиҳад "Ховар" дар истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.

Флаг Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Мастчоҳ низ майдони Парчами миллии 50-метра ифтитоҳ шуд

Гуфта мешавад, сохтмони майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия аз моҳи марти соли равон оғоз гардидааст, ки дар ин муддат корҳои ҳамворкунии қитъаи замин, бунёди таҳкурсии иншоот ва васлу насби Парчам ва Нишони давлатӣ ба анҷом расонида шуд.

"Айни замон корҳои сабзкорӣ, сафолакпeчии роҳравҳо ва ободонии  атрофи онҳо идома доранд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Аз майдони парчам то фермаи парандапарварӣ: Раҳмон чанд иншооти муҳимро ифтитоҳ кард

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун нақша доранд, ки иншооти мазкурро  то таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расонида, ин маконро барои баргузории барномаҳои фарҳангию сиёсӣ омода намоянд.

Лентаи хабарҳо
0