06:43 03 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1662 0 0

Таътили тирамоҳӣ ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ, омодагӣ ба Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол», гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ сафарбар мешаванд

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Вазорати маорифи Тоҷикистон санаи оғози таътили тирамоҳиро дар мактабҳои Тоҷикистон эълон кард.

Бино бар иттилои вазорат, 31 октябр чоряки якум ҷамъбаст гардида, 1 ноябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили тирамоҳӣ оғоз шуда, то 10 ноябр идома меёбад.

"Таътили тирамоҳӣ ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ, омодагӣ ба Озмуни ҷумҳуриявии "Омӯзгори сол", гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ сафарбар мешаванд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати тавсиявии асарҳои бадеӣ иборат аз 299 номгӯй барои хониши беруназсинфии талабагон тартиб дода шудааст. Инчунин дар давраи таътили тирамоҳӣ дар муассисаҳои таълимӣ ҳафтаи бузургдошти адибони тоҷик гузаронида мешавад.

Дар ин давра даври якуми олимпиадаи дохилимактабӣ оғоз мегардад, ки хонандагони фаъол дар он иштирок менамоянд.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки дар таътили тирамоҳӣ хонандагонро ба барномаҳои илмию адабӣ, китобхонаҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, дарсҳои иловагии компютерӣ, ҳафтаи адибон ва таҷлили 26-умин солгарди Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикиситон ҷалб  намояд.

Аз норасоии синфхонаҳо то 45 дараҷа гармӣ: таътилро то 15 сентябр тамдид кунед

Бо қарори Вазорати маориф, хонандагони мактабҳо чор таътил доранд, ки аз таътили тирамоҳӣ - 1 то 10 ноябр, зимистона - 1 то 10 январ, баҳорӣ - 26 то 31 март ва тобистонӣ - анҷоми таҳсил то 31 август иборат аст.

Мавзӯъҳои асосӣ