Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Маълум нест, ки чӣ аст: кори "вирускуш" – и ҷопонӣ ба прокуратураву КДАМ рафт - акс

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевТорговля на барахолке в Душанбе
Торговля на барахолке в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти тандурустии вилояти Суғд ҳудуди 600 адад блокатор ё масдудкунандаи вирусро мусодира ва як хонуми тавзеъкунандаи онро боздошт намудаанд

ДУШАНБЕ, 29 окт – Sputnik. Абдумавлон Абдуллозода, сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин теъдод, ба истилоҳ, блокаторро тайи ду рӯзи ахир кормандони мақомоти масъули тандурустӣ аз дорухонаву кӯчаву бозор мусодира карданд.

"Ин мавод ягон ҳуҷҷату сертификат надорад. Аз сӯи идораҳои зидахли вазорати тандурустӣ барои воридоташ тавсия нашудааст. Онро ғайриқонунӣ вориди бозор кардаанд. Мо ба прокуратура ва раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии вилояти Суғд ҳам маълумотнома пешниҳод кардем", - гуфт Абдумавлон Абдуллозода.

Агар ба чашм расад...

Тибқи иттилои манобеъи ғайрирасмӣ, блокатор ё масдудкунандаи вирус таҳти унвони "Virus shut out" ё "вирускуш" ҳудуди як ҳафта ба ин сӯ ба яке аз молҳои серхаридори дорухона, ҳатто бозору дастфурӯшиҳои шаҳри Хуҷанд табдил ёфта, аз 10 то 15 сомонӣ арзиш дорад. Мардум онро ба унвони "бейҷик ё биркаи каронавирус" харидорӣ намуда, ба ин боваранд, ки ин "бейҷик" онҳоро то як моҳ аз "вируси корона" ҳимоя мекунад ва онро то 1,5 метр дар ҳаво маҳв месозад.

© Sputnik На рынках Худжанда появились противо-коронавирусные бейджики о происхождении и составе которых мало что известно
Маълум нест, ки чӣ аст: кори вирускуш – и ҷопонӣ ба прокуратураву КДАМ рафт - акс - Sputnik Тоҷикистон
На рынках Худжанда появились противо-коронавирусные бейджики о происхождении и составе которых мало что известно

Сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд мегӯяд, ин, ба истилоҳ, блокаторҳо мавриди таҳқиқ қарор дода шуданд ва маълум гардид, ки онҳо зоҳиран моли кишвари Ҷопон мебошанд.

"Дар навиштаҷоте, ки бо ҳуруфи ҷопонӣ омадааст, чунин навишта шудааст. Мо дирӯз бо ҷалби мутахассисон навиштаҷотро тарҷума карда, маълум кардем, ки гӯё аз хлориди натрий иборат аст. Ҳамзамон гуфта шудааст, ки онро бачаҳои то 9-сола набояд истифода кунанд, ё агар ба чашм расад, зарар мерасонад. Чӣ зарар? Маълум нест. Ҳоло ин ҳамаро таҳти таҳқиқ қарор додаем", - гуфт Абдумавлон Абдуллозода. 

Ин чӣ аст?

Дар ҳамин ҳол, “Virus shut out” дар минтақаву ИДМ як моли нав нест. Бино ба иттилое, ки дар расонаҳои Ӯзбекистон нашр шудааст, ин “вирускуш” дар он кишвар аз моҳи марти соли равон пайдо шуда, ҳатто раҳбаронаш аз он истифода мекардаанд. Ҳамзамон дар Русия низ онро мефурӯшанд. Аммо дар қиёс бо Хуҷанд ин блокатор дар Ӯзбекистон аз 6 то 24 доллари амрикоӣ, муодили 60 то 240 сомонӣ ё Русия аз 1 то 1 ҳазору 200 рубл, ҳудуди 140 то 200 сомонӣ арзиш дорад.

Дети в защитных масках - Sputnik Тоҷикистон
Таъсир ба наслҳо: табиб оқибатҳои хатарноки коронавирус дар кӯдаконро гуфт

Бино ба муаррифиномаҳои ширкатҳои фурӯшанда, блокатори “Virus shut out” моли ширкати Tao Sangyo-и Ҷопон буда, аз диоксиди хлор (CLO2), ки хусусияти зиддиуфунӣ карданро дорад, иборат ва комилан эмин, корбурдиву роҳат мебошад ва пӯсти инсонро аз вирусҳо, бактерияҳо ва микробҳо муҳофизат мекунад.

Аммо мақомоти тандурустии вилояти Суғд мегӯянд, “вирускуш” – е, ки вориди Хуҷанд шудааст, як чизи тамоман дигар аст.

Маводи номаълум...

Илҳом Пӯлодзода, сардори Саррраёсати хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд, ки масъулияти назорати сиҳати доруворӣ ва таҷҳизоти тиббиро ба зимма дорад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳангоми таҳқиқи ин блокатор дар озмоишгоҳ маълум шуд, ки хлориди натрий, худи хлор ё калсий хлор дар таркиби он аслан нест.

“Маълум нест, ки он чӣ аст. Муайян карда нашуд. Мо фақат маълум кардем, ки он як маводи ғайристандартӣ буда, он гуна, ки муаррифӣ шудааст, намебошад. Ин ки дар таркиби он чӣ ҳаст, пас аз машвара ва озмоишҳои тамоми ниҳодҳои масъул дақиқ карда мешавад. Мо тамоми кормандонамонро ба мағозаву дорухона ва бозорҳо фиристодем, то ба фурӯшандаҳо ва мардум фаҳмонанд, ки эҳтиёт шаванд”, - гуфт Илҳом Пӯлодзода.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти тандурустии Суғд мегӯянд, як занеро, ки бо фурӯши ин блокатор машғул будааст, боздошт намуда, мавриди пурсуҷӯ қарор додаанд, то ба он нафаре расанд, ки ин маводро вориди Тоҷикистон кардааст. Ба қавли онҳо, ба ин таҳқиқ мақомоти қудратӣ низ ҷалб хоҳанд шуд.

© Sputnik На рынках Худжанда появились противо-коронавирусные бейджики
Маълум нест, ки чӣ аст: кори вирускуш – и ҷопонӣ ба прокуратураву КДАМ рафт - акс - Sputnik Тоҷикистон
На рынках Худжанда появились противо-коронавирусные бейджики

Ҳоло он чӣ суолангез аст, ин аст, ки ин мавод аз куҷо вориди Тоҷикистон шудааст. Танҳо ҳадсу гумонҳо вуҷуд доранд, ки тоҷирон онро дар даруни моли тиҷоратиашон ба таври қочоқ аз хориҷ ворид кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0