04:40 27 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.44
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1038 0 0

Маҳмудҷон Дадабоев, рӯзноманигор ва бунёдгузори чандин шабакаи телевизиони мустақил, собиқ сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд дар синни 51 -солагӣ аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 30 окт – Sputnik. Дар таъйиди ин хабар, яке аз ҳамкорони марҳум дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Дадабоев ҳамагӣ чанд рӯз пеш барои табобат ба Бемористони касалиҳои сироятии Суғд интиқол ёфта буд, вале бегоҳии дирӯз ҷон ба Ҷонофарин супурд.

“Рӯзи 26 октябр дар суҳбати телефонӣ гуфтанд, ки хуруҷи беморӣ монанд ба “илтиҳоби шуш” як каме вазъашонро хароб кардааст. Аммо дирӯз 29 октябр фаҳмидем, ки бандагӣ кардаанд. Худованд раҳмат кунад, ба пайвандонашон сабри ҷамил мехоҳем”, - зикр кард ҳамкори Дадабоев.

Бемористони сироятии Суғд, ба ҳисоби Бемористони клиникавии Суғд аз ду бемористон дар шаҳри Хуҷанд маҳсуб мешавад, ки дар айни ҳол барои табобати бемориҳои ҳамагири COVID-19 ва илтиҳоби шадиди шуш пешбинӣ шудааст.

Ҳамкасбон шогирдон ва дӯстони рӯзноманигор дар шабакаҳои иҷтимоӣ даргузашти ӯро мотам дар журналиста номида, "дод аз дасти "корона" мегӯянд, ки Маҳмудҷон Дадабоевро низ бурд". 

Маҳмудҷон Дадабоев, аз поягузорони журналистикаи электронӣ дар вилояти Суғд гуфта мешавад, ки бо кӯшишҳои пайвастаи вай чандин шабакаҳои телевизионии мустақил аз ҷумла ТВ “Ҷаҳоноро”, ТВ “СМ-1”, ТВ “7 ситора” ва рӯзномаи мустақили “Суғд” дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Бӯстон таъсис дода шудаанд.

Маҳмудҷон Дадабоев 27 ноябри соли 1968 дар ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Пас аз анҷоми хизмати сарбозӣ дар соли 1989 фаъолияти меҳнатиашро дар коргоҳи шоҳибофии “Хуҷандатлас” оғоз кардааст.

Ӯ аз соли 1993 то 1995, муассис ва хабарнигори ТВ "Ҷаҳоноро" ва дар солҳои 1997 - 2003 мудири кулли шабакаи телевизион ва радиои “Симои мустақили якум (СМ-1)” буд. Соли 2001 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро хатм намудааст.

Як муддат ӯ, омӯзгори кафедраи рӯзноманигорӣ ва назарияи тарҷумаи донишгоҳи мазкур ба донишомӯзон дар боби махсусиятҳои роҳбарӣ дар ВАО дарс мегуфт. Солҳои 2006 - 2007 намояндаи Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистонро дар вилояти Суғд бар уҳда дошт.

Муассиси ҳафтаномаи мустақили “Суғд” ва инчунин аз моҳи августи 2008 то моҳи октябри соли 2012 мудири кулли шабакаи телевизюниву радиоии "Ҷаҳоноро" буд. Маҳмудҷон Дадабоев сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд низ буд ва соли 2017 бо хоҳиши худ ин вазифа канор рафт.

Вақтҳои охир Дадабоев ба сифати менеҷер дар коргоҳи таъминоти сӯзишвории нақлиёти “Роҳи Сомон” фаъолият мекард. Бисёриҳо ҳоло даргузашти ӯро як талафоти бузург дар ҷомеаи журналистӣ арзёбӣ мекунанд.

Даргузашти Сироҷиддин Бобоев, олими фолклоршиноси Донишгоҳи Хуҷанд аз “илтиҳоби шуш”

 

 

Мавзӯъҳои асосӣ