01:51 27 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1582 0 0

Дар майдорни Дӯстӣ, маркази Душанбе паради ҳарбӣ бахшида ба маросими савгандёдкунии президенти Тоҷикистон баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 30 окт – Sputnik. Сараввал раисҷумҳури Тоҷикистон дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт, сипас вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо рӯй ба президент овард ва омодагии қӯшунҳоро ба парад ва савганд изҳор намуд.

Роҳбари давлат дар назди 7 ҳазор артиши миллӣ баромад кард.

Ӯ таъкид дошт, ки имрӯзҳо дар пешорӯи ҷомеаи ҷаҳони таҳдидҳои терроризму эктремизм истодаанд. Аз ин рӯ, мақломотҳои қудратии кишвар барои ҳифзи марзу бум вазифаҳои зиёде доранд.

Ба халқ содиқона хизмат мекунам: Президент савганд ёд кард

Сипас раисҷумҳур ба ҳамаи низомиён, аз афсари одӣ то генерали артиш саломатӣ ва бурдборӣ таманно кард.

Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо аз номи артиши миллӣ ба президент, Сарқонун ва мардуми кишвар савганд ёд кард.

Мавзӯъҳои асосӣ