04:39 01 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (862)
456 0 0

Аз оғози ҳамагирии коронавируси навъи COVID - 19 то кунун дар Тоҷикистон 10977 нафар мубталои ин вабои аср шудааст

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирусро дар Тоҷикистон эълон кард.

Тибқи иттилои ин ниҳод, шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 38 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ дар мамлакат ба  10977 нафар баробар гардид.

Ҳамзамон, дар 24 соати охир 54 нафар пас аз табобат ба хонҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 10182 (92,7%) баробар гардид.

Таъсир ба наслҳо: табиб оқибатҳои хатарноки коронавирус дар кӯдаконро гуфт

Вазорат мегӯяд, хушбахтона дар давоми шабонарӯзи гузашта аз COVID - 19 касе ҷон набохтааст ва шумораи умумии қурбониёни ин вабои аср 82 нафарро ташкил медиҳад.

Манбаъ афзудааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Ин ниҳод аз сокинони кишвар даъват карда, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (862)
Барчаспҳо:
вируси корона, омор, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ