16:27 01 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
201 0 0

Ба далели густариши вируси корона теъдоди зиёде аз коргарони муҳоҷири тоҷик, ки бо густариши корона дар Қазоқистон бекоршуда ва қасди бозгашт ба Тоҷикистонро доранд ба иллати баста будани марзҳо бо мушкил рубарӯ шудаанд.

ДУШАНБЕ, 01 ноя — Sputnik. Дар асоси тавофуқи Созмони ҷаҳонии муҳоҷират ва ҳукумати Қазоқистон охири ҳар моҳ барои хориҷ кардани коргарони муҳоҷири бекоршудаи тоҷик ва аъзои хонаводаҳои онон марз бозгушоӣ хоҳад шуд.

Аз ин пас қарор аст марзбонони Қазоқистон охири ҳар моҳ як бо гузаргоҳи марзӣ бо Ӯзбекистон ба номи Жибек Жулиро боз кунанд то бо мусоидати Созмони ҷаҳонии муҳоҷират, коргарони муҳоҷири бекоршудаи тоҷик аз қаламрави Ӯзбекистон ба вилояти Суғд мунтақил шаванд.

Ба далели густариши вируси корона теъдоди зиёде аз коргарони муҳоҷири тоҷик, ки бо густариши корона дар Қазоқистон бекоршуда ва қасди бозгашт ба Тоҷикистонро доранд ба иллати баста будани марзҳо бо мушкил рубарӯ шудаанд.

Шакарбек Нурмуҳаммедов масъули Созмони коргарони муҳоҷири тоҷик дар шаҳри Қарагандаи Қазоқистон мегӯяд: "10 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин минтақа дар сохтмонсозӣ ва тиҷорат мекарданд, ки ба делели густариши вируси корона аксари онон бекор шудаанд."

Ба гуфтаи вай акнун аз 100 нафар аз коргарони муҳоҷири бекоршудаи тоҷик ва аъзои хонаводаҳои оно аз шаҳрҳои мухталифи Қазоқистон дар Қараганда дар марзи ин кишвар бо Ӯзбекистон ҷамъшудаанд, ки бо автобусҳо ва мусоидати Созмони ҷаҳонии муҳоҷират ба вилояти Суғд мунтақил мешаванд.

Зиёда аз 300 муҳоҷири тоҷик, ки дар Қазоқистон дармонда буданд, ба ватан баргаштанд

Қазоқистон пас аз Русия дуввумин кишвари пазироии коргарони муҳоҷири тоҷик аст.

Мақомоти Остона дар паи густариши вируси корона аз тамдиди иқомати коргарони бекоршудаи хориҷӣ худдорӣ кардаанд ва ин афрод бояд ба кишварҳои хеш бозгарданд.

Мавзӯъҳои асосӣ