09:08 02 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.54
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
106 0 0

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар вилояти Суғд сохтмон, навсозӣ ва таъмири 459 иншооти соҳаи тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, аз ин шумора 64 адад беморхона, 118 адад бунгоҳи саломатӣ, 86 адад марказҳои саломатӣ, 18 адад таваллудхонаҳо, 101 адад нуқтаҳои хатна ва 72 адад дорухонаҳо мебошанд.

Ба гуфти масъулини Раёсати тандурустии вилояти Суғд, соли 2020 сохтмон, навсозӣ ва таъмиру тармими 123 адад иншооти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла 15 адад беморхонаҳо, 39 адад бунгоҳҳои саломатӣ, 20 адад марказҳои саломатӣ, 5 адад таваллудхона, 13 адад нуқтаҳои хатна ва 31 адад дорухона ба итмом расонида мешавад.

“Дар нуҳ моҳи соли равон сохтмон, навсозӣ ва таъмиру тамими 64 адад иншооти тандурустӣ, аз ҷумла 10 адад беморхонаҳо, 16 адад бунгоҳҳои саломатӣ, 14 адад марказҳои саломатӣ, 2 адад таваллудхона, 8 адад нуқтаҳои хатнаи кӯдакон ва 14 адад дорухонаҳо анҷом  ёфтааст”, - хабар додаст “Ховар” аз қавли мақомоти тандурустӣ.

Манбаъ таъкид кардааст, ки ба муносибати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ, сохтмон, навсозӣ ва таъмиру тармим дар тамоми муассисаҳои тандурустии вилоят идома доранд.

Мавзӯъҳои асосӣ