20:23 05 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
472913

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйирот ба Кодекси андозро қабул кард, ки ширкатҳои хизаматрасони интернетиро ба пардохти андоз дар ҷумҳурӣ уҳдадор мекунад

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, зимни муаррифии тағйирот дар парлумон гуфт, боби алоҳида барои ба андозбандӣ ҷалб намудани шахсони хориҷӣ равона шудааст, ки тавассути интернет дар Тоҷикистон хизмат мерасонанд. Ӯ таъкид кард, бо рушди технология хариду фурӯши молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳои электронӣ  тавассути шабакаҳои интернет аз ҷониби ширкатҳои хориҷӣ зиёд шуда истодааст.

Ба гуфтаи вазири молияи Тоҷикистон, тибқи моддаи 193 замимаи 1, шахсони хориҷие, ки мустақиман ё тавассути шахсони миёнарав ба шахсони воқеӣ хизматрасониҳои электрониро анҷом медиҳанд ва маҳали чунин хизмат­расониҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ҳамчун андозсупоранда эътироф карда мешаванд.

“Ҳамчунин, тибқи моддаи 193 замимаи 2 шахсони хориҷӣ уҳдадор мегарданд, ки на дертар аз 20 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи оғоз намудани хизматрасониҳои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми ваколатдори давлатӣ аз тариқи реҷаи онлайн ариза пешниҳод намуда, ҳамчун супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта шаванд”, - навиштааст нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Қаҳҳорзода.

Ӯ таъкид намуд, ки барои дақиқ намудани амалиёти андозбандишаванда дар моддаи 193 замимаи 5 мафҳуми хизматрасониҳои электронӣ шарҳ дода шудааст ва 16 ҳолати пешбинигардида аз таҷрибаи ҷаҳонӣ бармеояд.

“Ворид намудани тағйироти мазкур барои боз ҳам мукаммал гардидани қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, дар самти андозбандӣ намудани даромади ширкатҳои хориҷӣ аз ҳисоби хизматрасонии электронӣ, ба тадриҷан зиёд гардидани даромадҳо ба буҷети давлатӣ мусоидат хоҳад намуд”, - бовар дорад вазир.

Тағйирот баъди азми Давлатзода барои андозситонӣ аз Google, Apple, Facebook

Қабули ин тағйирот дар ҳолест, ки қаблан Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, иттилоъ дод, ки дар назар доранд аз хизматрасонии ширкатҳои бузург ба монанди Google, Apple, Microsoft, Facebook ва дигарҳо андоз аз арзиши иловашуда ситонанд.

Ӯ таъкид намуд, интернет на танҳо барои ба даст овардани иттилоот истифода мешавад, балки бо истифода аз он хизматрасонии зиёди пулакӣ расонда мешавад.

“Аз ҷумла фурӯши бозиҳои электронӣ, филмҳо, китобҳо, барномаҳои мусиқӣ, чиптаҳои ҳавопаймоӣ, иҷораи меҳмонхонаҳо, манзил, барномаҳои сафар ва дигар хизматрасониҳою мол, ки ҳамаи инро мо ҳамарӯза истифода мебарем. Чунин хизматрасониҳо асосан аз ҷониби ширкатҳои хориҷӣ расонда мешавад, ки бо сабаби номукаммал будани қонунгузорӣ худро дар мақомоти андоз ба қайд намегиранду аз андозсупорӣ берун мемонанд”, - мисол овард Давлатзода.

Ӯ Русияро далел оварда буд, ки пас аз ҷорӣ шудани андоз аз арзиши иловашуда ба хизматрасонии ширкатҳои бузург ба монанди Google, Apple, Microsoft ва Facebook ва ғайра дар 9 моҳи соли 2019 ҳудуди 60 миллиард рубл ба буҷаи ин кишвар ворид шудааст.

Вазири молия таҷрибаи кишварҳои дигарро мисол овард

Дар ҳамин ҳол вазири молияи Тоҷикистон гуфт, омӯзиши қонунгузории андози шарикони асосии тиҷоратии ҷумҳурӣ дар ин самт нишон дод, ки бо андоз аз арзиши иловашуда андозбандӣ намудани хизмат­расониҳои электронии шахсони хориҷӣ дар қонунгузории андози Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Беларус ва як қатор кишварҳои Аврупо (Испания, Юнон ва Венгрия) пешбинӣ шудааст.

“Айни ҳол ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва як қатор давлатҳои мутараққӣ, аз қабили Япония, Франсия ва Ҳиндустон вобаста ба андоз­бандӣ намудани хизматрасониҳои электронӣ, ки фарогири тамоми бахшҳои иқтисодиёт гардидааст, чораҷӯӣ намуда истодаанд”, - афзуд вазир.

Ӯ таъкид кард, ки дар баробари ин, масъалаҳои алоқаманд ба андозбандии хизматрасониҳои электронии ширкатҳои хориҷӣ, дар доираи фаъолияти Созмони байналмилалии маъмуриятҳои андози давлатҳои Аврупо (IOTA) ва Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд (ОЭСР) мавриди баррасӣ қарор дорад. Дар қонунгузории андози давлатҳои аъзои ин созмонҳо низ меъёрҳои дахлдори батанзимдароварандаи чунин муносибатҳо дар назар аст, гуфт Қаҳҳорзода.

Барчаспҳо:
Кумитаи андоз, андоз, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ