13:07 30 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
41410

Вазорати дифоъи Тоҷикистон мегӯяд, нақшаи даъвати тирамоҳии даъват ба сафи Артиши миллӣ 98,7% иҷро шудааст

ДУШАНБЕ, 3 ноя – Sputnik. Фаридун Муҳаммадалиев, сухангӯи ин вазорат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар асл нақшаи имсолаи даъват қабл аз мӯҳлат пурра иҷро шудааст.

“Агар се рӯзи ахирро низ ҷамъбаст кунем, шояд то бегоҳ нақша 100% иҷро шавад, Аммо иҷрои муваффақонаи нақша инро ҳам тақозо мекунад, ки ба сифати даъват низ таваҷҷӯҳ кунем. Мо дар шаҳру вилоятҳо ташкилотҳои мададгори мудофиа дорем, ки масалан, барои артиш механику ронандаи сабукраву техникаҳои сақили ҷангӣ ва дигар мутахассисонро омода мекунанд. Рӯзҳои наздик онҳо низ имтиҳон супурда, ҳуҷҷату шаҳодатномаҳои худро мегиранд ва ба сафи артиш мепайванданд”, - гуфт Фаридун Муҳаммадалиев.

Тибқи иттилои вазорати дифоъи Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон ва Навоҳии тобеи ҷумҳурӣ аз марзи ниҳоии нақша гузашта, вилояти Суғд 95% - и онро иҷро кардааст

Сухангӯи Вазорати дифоъи Тоҷикистон мегӯяд, далели иҷро нашудани нақшаи вилояти Суғд қабл аз ҳама ба сифати даъват рабт мегирад.

"Мо мунтазирем, ки дар ташкилотҳои мададгори мудофиаи вилоят имтиҳонҳо анҷом гирифта, донишомӯзони онҳо пас аз дарёфти асноди зарурӣ ба сафи артиш пайванданд”, - афзуд Фаридун Муҳаммадалиев.

Сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон дар ҳоле аз иҷрои қабл аз мӯҳлати даъват ба артиш суҳбат мекунад, ки то анҷоми мавсим қариб як моҳи дигар мондааст.

Вай мегӯяд, бо ин вуҷуд, комиссияҳои даъват корашонро анҷом намедиҳанд.

"Ин фурсатро комиссияҳо барои омодагӣ ба даъвати баҳорӣ истифода хоҳанд кард. Аз ҷумла, онҳо феҳристи даъватшавандагони мавсими дигарро таҳия ё барои дигар корҳои ташкилӣ заминасозӣ мекунанд”, - гуфт Фаридун Муҳаммадалиев.

Даъват ба артиш дар Тоҷикистон дар ду мавсим – баҳору тирамоҳ бо фармони президенти кишвар оғоз ёфта, ду моҳ идома пайдо мекунад. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон имсол фармони даъвати тирамоҳиро дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1993-2002 – и Тоҷикистон ба хизмати ҳарбиро 2 сентябр содир намуд.

Нақшаи даъват 75% иҷро шуд: кӣ пешсаф?

Тибқи ин фармон, хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои октябр - ноябри соли 2020 аз сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ, қӯшунҳои дохилии вазорати корҳои дохилӣ, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлия, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди ҳукумати Тоҷикистон рухсат шуда, даъватшавандагони нав ба сафи ин нерӯҳо даъват мешаванд.

Мавзӯъҳои асосӣ