20:39 01 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.54
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
178 0 0

Ҷарроҳони дил дар Тоҷикистон нахустин бор мустақилона имплантатсияи стент-графтро дар раги калони хунгарди дил - аорта анҷом доданд

 ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Дар Маркази илмии ҷумҳурияии ҷарроҳии рагҳои хунгард бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ ҷарроҳии дил анҷом дода шуд.

Ин ҷарроҳӣ хатари бемории дилро якчанд маротиба кам мекунад.

Афзун бар ин, акнун маркази ҷумҳуриявӣ имконият дорад, ки чунин ҷарроҳиҳои мушкили ҷигар ва узвҳои ҳозимаро гузаронад.

Ба гуфтаи сармутахассиси шӯъбаи ҷарроҳии қалби марказ Абдусодиқ Абдуҷабборов, пеш аз ҳама ба бемороне ёрии тиббӣ расонида мешавад, ки афзун бар бемории дил, ба дигар бемориҳо низ рӯ ба рӯ шудаанд.

Пештар чунин беморон маҷбур буданд, ки барои ҷарроҳӣ ба хориҷ раванд, ё омадани мутахассисони хориҷро ба Тоҷикистон интизор шаванд.

Ҷарроҳ Иброҳим Ғиёсов дар навор дар бораи методи нави табобати аритмияи қалб нақл мекунад. Ҳамин тавр, нахустин бор ба табибони тоҷик даст додааст, ки имплантатсияи стент-графтро дар раги калони хунгарди дил - аорта анҷом диҳанд.

Шарҳи бештари дастоварди табибони тоҷикро аз гузориши телевизиони "Тоҷикистон" тамошо кунед.

Феълан дар маркази илмӣ ҷарроҳии рагҳои хунгард се шӯъба, кӯдакон, калонсолон ва эндоваскулярӣ фаъолият мекунад.

Мавзӯъҳои асосӣ