08:24 02 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.54
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
488821

Ду вазири барканоршудаи Ҳукумати Тоҷикистон дар мувофиқа бо раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон мақомҳои нав гирифтаанд

ДУШАНБЕ, 4 ноя – Sputnik. Дар мувофиқа бо раисиҷумҳури Тоҷикистон ба вазифаи муовини якуми раиси вилояти Хатлон Салимзода Амонулло Файзулло таъйин гардид. Салимзода 3 ноябр бо фармони Эмомалӣ Раҳмон аз вазифаи вазири кишоварзии Тоҷикистон барканор шуд. 

Аз сатҳи ҷумҳуриявӣ ба вилоятӣ

Ба иттилои котиботи ҳукумати Хатлон, Салимзода ҳамакнун сарпарастии соҳаи кишоварзиро дар вилоят ба дӯш хоҳад дошт.

Манбаъ афзуд, ки ҳамчунин имрӯз дар мувофиқа бо раисиҷумҳур, Файзуллозода Заробиддин Қудрат, собиқ вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои саноат, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия таъин карда шуд.

Инчунин аз мақомҳои муовини якум ва муовини раиси Хатлон Абдуалим Исмоилзода ва Умед Зоҳирзода барканор  карда шуданд. Абдуалим Исмоилзода аз 27 январи соли 2020 дар мансаби муовини якуми раиси вилоят, қабл аз он дар мақомҳои раиси шаҳри Бохтар, раиси ноҳияҳои Шаҳритус ва Кӯшониён фаъолият кардааст.

 Салимзода Амонулло Файзулло ва Заробиддин Файзуллозода, ноибони нави раиси Хатлон
котиботи ҳукумати Хатлон
Салимзода Амонулло Файзулло ва Заробиддин Файзуллозода, ноибони нави раиси Хатлон

Умед Зоҳирзода аз 25 ноябри соли 2016 дар мансаби муовини раиси вилояти Хатлон кор карда, соҳаҳои кишоварзӣ ва идораи заминро сарпарастӣ менамуд.

Салимзода Амонулло Файзулло, ноиби аввали нави раиси Хатлон 30 майи соли 1967 дар ноҳияи Данғара дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Соли 1999 рисолаи номзадӣ ва соли 2007 рисолаи докториро дар мавзӯи "Асосҳои биотехнологии гирифтани тухмии босифати картошка дар Тоҷикистон" дифоъ намудааст. Доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мебошад.

Заробиддин Файзуллозода ноиби дигари Хатлон 13 феврали соли 1965 таваллуд ёфтааст. Соли 1989 Донишкадаи политехникии Тошкандро хатм кардааст. Ихтисосаш муҳандис – кӯҳкорӣ. Дар гузашта муовини раиси вилояти Суғд (2015-2017), сардори саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017-2019), вазири саноат ва технологияҳои нав (2019-2020) буд.

Ба иттилои котибот, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба кадрҳои навтаъин дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулияташон барору комёбӣ таманно намуд.

Барчаспҳо:
фармон, тағйироти кадрӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ