16:20 30 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
4077 0 0

Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ки аз соли 2012 вазири умури дохилии Тоҷикистон мебошад, 3 ноябр дигарбора ба ин мақом таъйин гардид

ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳолномаи Рамазон Раҳимзодаро нашр кардааст, ки бар асоси он, ӯ 25 апрели соли 1960 дар ноҳияи Ховалинг таваллуд шуда, соли 1982 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм кардааст.

Манбаъ афзуд, ки Раҳимзода инчунин соли 1995 Мактаби олии Тошканди ВКД ИРСС-ро  хатм карда, ихтисосаш ҳуқуқшинос, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ мебошад.

Нашри китоби нави Раҳимзода ва тавсифи Хайрандеш аз он

Рутбааш генерал-полковники милитсия буда, аз забонҳои хориҷӣ – русиро медонад.

“Соли 1998 “Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон”, соли 1999 “Ифтихорнома”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2005 ордени Спитамен дараҷаи II, соли 2013 ордени Зарринтоҷ дараҷаи II-ро гирифтааст”, - омадааст дар ҳолнома.

Дар мавриди собиқаи кории Рамазон Раҳимзода дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар дод:

  • Солҳои 1977-1982 Донишҷӯи Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон
  • Солҳои 1983-1989 Инспектор, ваколатдори фаврӣ, ваколатдори фаврии калони шӯъбаи мубориза бар зидди ғорати моликияти сотсиалистии ШКД-и кумитаи иҷроияи Совети депутатҳои халқи ноҳияи Ленинград
  • Солҳои 1989-1992 Сардор, ваколатдори фаврии калон, сардори зершӯъбаи мубориза бар зидди ғорати моликияти сотсиалистии ШКД-и кумитаи иҷроияи Совети депутатҳои халқи ноҳияи Данғара
  • 03-07 соли 1992 Ҷонишини сардори шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии РКД-и вилояти Кӯлоб, шаҳри Кӯлоб
  • Солҳои 1992-1994 Ҷонишини сардор, сардори ШКД-и кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияи Данғара
  • Солҳои 1994-1995 Сардори ШКД-и кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияи Ховалинг
  • 03-05 соли 1995 Сардори ШКД-и шаҳри Норак
  • Солҳои 1995-2001 Муовини сардори шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии Вазорати корҳои дохилии Ҷумхурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
  • Солҳои 2001-2004 Намояндаи ваколатдори ҶТ дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хатарнок дар ҳудуди кишварҳои аъзои ИДМ, шаҳри Москва
  • Солҳои 2004-2005 Муовини аввали директори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хатарнок дар ҳудуди кишварҳои аъзои ИДМ, шаҳри Москва
  • Солҳои 2005-2007 Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Солҳои 2007-2008 Сардори Хадамоти муҳочирати Вазорати корхои дохилии   Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе 
  • Солҳои 2008-2009 Мудири Шӯъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Солҳои 2009-2012 Муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рамазон Раҳимзода бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон аз соли 2012 ба мақоми вазири умури дохилии Тоҷикистон таъйин гардида, 3 ноябр дигарбора ба ин мақом соҳиб шуд.

Барчаспҳо:
тағйироти кадрӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ