21:57 04 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (868)
472 0 0

Вазорати тандууустии Тоҷмикистон мегӯяд, шабонарӯзи ахир дар ҷумҳурӣ ягон мавриди фавт аз коронавирус ба қайд гирифта нашудаст

ДУШАНБЕ, 4 окт – Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 41 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардид.

Ба ҳамин минвол, акнун шумораи гирифторони ин беморӣ дар мамлакат ба 11 180 нафар баробар гардид.

Ҳамзамон,  дар як шабонарӯзи охир 49 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 10438 (93,3%) нафар расид.

Антителаҳо одамро чанд муддат аз коронавирус ҳифозат мекунанд: шарҳи олимон

Манбаъ меафзояд, аз замони хуруҷи маризии коронавиус дар Тоҷикистон, дасти кам 83 нафар ба ҳалокат расиданд.

 Вазорати тандурустӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (868)
Барчаспҳо:
омор, маризӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ