21:38 03 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1640 0 0

Садриддин Раҳимов, мудири шуъбаи ҷарроҳии калонсолони Бемористони клиникавии Суғд дар синни 55 солагӣ аз дунё даргузашт

 ДУШАНБЕ, 5 ноя – Sputnik. Яке аз пайвандони наздик ба хонаводаи ин табиб дар тайиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Раҳимов як моҳ қабл аз бемории ҳамагири каронавирус шифо ёфт, вале дирӯз дар пайи сактаи мағзӣ (инсулт) фавтид.

“Раҳимов чанд вақти охир, ба табобати беморони каронавирус дар Бемористон машғул буданд. Худашон ҳам як дафъа ба ин беморӣ сироят шуда, шифо ёфта буданд. Аммо дирӯз аз ҳисоби ба сактаи мағзӣ дучор шуда, бандагӣ карданд”, - гуфт манбаъ.

Садриддин Раҳимов аз зумраи табибоне дар Хуҷанд буд, ки аз замони сабти бемории ҳамагири каронавирус дар сафи муборизони ин вабои замона дар Бемористони клиникавии Суғд қарор дошт.

Ӯ ба фарқ аз табибон, ки аз хуруҷи ин беморӣ тарки кор кардаанд, то нафаси охирин ба касби худ содиқ истод ва то ин муддат ба садҳо нафар гирифторони бемории ҳамагири COVID-19 шифо бахшидааст.

Садриддин Раҳимов соли 1965 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов таваллуд шуда, мактаби № 83 ноҳияро хатм кардааст. Соли 1994, ӯ факултаи муолиҷавии Донишгоҳи тибии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Синоро бо муваффақият хатм намудааст.

Баъд аз курси интернатура корро дар Бемористони клиникавии Суғд шурӯъ кардааст. Аз соли 2011 инҷониб Садриддин Раҳимов, мудири шуъбаи ҷарроҳии калонсолонро дар ин бемористон ба уҳда дошт.

Даргузашти Тӯтинисо Рустамқулова, корманди Идораи беҳдоштии Хуҷанд аз “илтиҳоби шуш”

Дар давоми фаъолияти кориаш Раҳимов ҳамчун табиби чашми кордону моҳир, ҷарроҳи меҳрубону фидоӣ ва роҳбари пурмасъулият мураррифӣ шудааст. Хидматҳои ӯ дар рушди соҳаи тиб дар кишвар басо назаррас будаанд. Раҳимов аз камтарин табибони ҷарроҳ буд, ки давоми бештар аз сӣ соли фаъолияти касбиаш ҷарроҳиҳои душвору мураккабро ба иҷро расонида ба ин васила садҳо бемор шифо ёфтаанд.

Ҷанозаи ӯ бегоҳии дирӯз дар зодгоҳаш ноҳияи Ҷаббор Расулов баргузор шудааст. Даргузашти Раҳимов дар 55 солагӣ аз мавридҳоест, ки рӯзҳои охир хабарҳо дар бораи вафоти намояндагони касбу кори гуногун аз ҷумла табибон зери ин син бештар ба нашр мерасанд.

Субҳ аҳволаш беҳтар буд: даргузашти нобаҳангоми Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад аз "илтиҳоби шуш"

Рӯзи 3 ноябр Исматулло Ибодуллоев, мудири шуъбаи андрологияи Бемористони ҷумҳуриявии физиотерапевтӣ дар шаҳри Хуҷанд дар синни 60 солагӣ ва рӯзи 1 ноябр Тӯтинисо Рустамқулова, озмоишгари Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии Хуҷанд дар синни 52-солагӣ дунёи фониро падруд гуфтанд.

Мавзӯъҳои асосӣ