03:56 04 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
197 0 0

Ба гуфтаи мақомоти шаҳри Хуҷанд зиёда аз нисфи кормандон дар соҳаҳои маориф, илму фарҳанг, тандурустӣ занон мебошанд

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Дафтари матбуотии шаҳрдори Хуҷанд мегӯяд, имрӯзҳо дар сохторҳои мақомоти шаҳр, корхонаю муасссиаҳо шумораи занонзиёд гардида, онҳо дар вазифҳои гуногун пурмаҳсул кор мекунанд.

Тибқи иттилои манбаъ, зиёда аз нисфи кормандонро дар соҳаҳои маориф, илму фарҳанг, тандурустӣ занон ташкил медиҳанд.

“Аз 88 ҳазору 800 нафар занону духтарони шаҳри Хуҷанд 26 нафарашонро хизматчиёни давлатӣ ташкил медиҳанд. Ҳамчунин 1 нафар муовин ва 5 нафар мудирони шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мебошанд”, - таъкид доштааст дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд.

Ҳамзамон қайд шудааст, ки ҳоло 1 нафар узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, 2 нафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, 2 нафар вакилони маҷлиси шаҳрӣ ва 15 нафар (8) вакилони маҷлиси шаҳрӣ мебошанд.

Манбаъ зикр кардааст, ки имрӯзҳо дар толори хурди мақомоти шаҳри Хуҷанд машғулиятҳои курси мактабии навбатии “Зан ва сиёсат”оғоз гардид.

Ба курси мазкур 20 нафар донишҷӯёни фаъоли макотиби олӣ ҷалб гардида, он хафтае 2 маротиба рузҳои сешанбе ва панчшанбе оғоз мегардад. Ҳамагӣ 12 машғулиятро дар бар мегирад.

Барчаспҳо:
Хуҷанд, тандурустӣ, маориф, роҳбар, занон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ