20:12 01 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.54
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
658 0 0

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқи Қодир ахиран таъкид доштааст, ки тайи як моҳи ахир аз бемории вируси корона ранҷ мекашид

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқи Қодир дар суҳбат бо Pressa.tj қайд кардааст, ки феълан вазъи саломатиаш беҳбуд ёфтааст.

“Қариб як моҳ азият кашидам. Короновирус бемории сангине будааст ва дуо мекунам, ки касе ба ин бало гирифтор нашавад. Ман аз 9-уми октябр ба ин ҷониб рӯйи бистар ҳастам. Ду-се рӯзи охир ҳалам каме беҳтар шуд.” – гуфт ӯ.

Ортиқи Қодир зикр кард, ки тайи як моҳ дар хона табобат гирифтааст.

“Аз сабаби он ки наздиконам табибанд дар хона бароям шароити табобат муҳайё карданд. Вазнинӣ гузашт, акнун аз Худованд умедворам, ки ба наздикӣ ба ҳаёти муқаррарӣ баргардам.”-гуфт ҳунарпеша.

Ҳунарпеша таъкид доштааст, ки дар ин шабу рӯз дӯстону пайвандонаш ӯро танҳо нагузоштан .

“Дӯстону ҳамкасбон, роҳбарияти театр ҳамеша аз аҳволам бохабар буданд ва телефонӣ аз саломатиам мепурсиданд. Ба ҳамаашон сипос мегӯям”, - гуфт ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Барчаспҳо:
саломатӣ, пирӯз, вируси корона, ҳунарпеша, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ