15:37 30 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
45 0 0

Дар Тоҷикистон имрӯз ҳаво камабр ва бебориш мешавад. Обуҳавошиносон то 25 дараҷа гармшавии ҳаворо пешгӯӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Имрӯз  дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад, хабар медиҳад агентии Ховар то такя ба маълумоти Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри бебориш мешавад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 11+16 дараҷа гарм, (дар ноҳияи Дарвоз то 19-21 гарм), дар шарқи вилоят шабона 13-18 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабри бебориш шуда, дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона 17+22 дараҷа гарм хоҳад шуд.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.

Коршиносон гуфтанд, ҳафтаи оянд бо доллар чи хоҳад шуд

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 3+8дараҷа, рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7, рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона 20+25 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳарорати ҳаво шабона 1+3, рӯзона 23+25 дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
обу ҳаво, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ