Мотам дар прокуратура: прокурори ноҳияи Зафаробод даргузашт

© Pixabay/kpereira52291Свеча
Свеча - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷунайдулло Ҳайдарзода, прокурори ноҳияи Зафаробод, ки ҳамагӣ 55 сол дошт, даргузашт. Мегӯянд, як инсони беозору кадри баландихтисос буд

ДУШАНБЕ, 6 ноя – Sputnik. Яке аз наздикони марҳум ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Ҷунайдулло Ҳайдарзода панҷ рӯзи қабл баъди шиддат гирифтани маризии қанд ба Шифохонаи шаҳрии мариҳиҳои сироятии шаҳри Душанбе интиқол ёфта буд.

“Як рӯзи қабл, ки бо ӯ суҳбат доштам, гуфт, ҳарораташ поин омада, вазъаш беҳбуд ёфтааст. Аммо имрӯз тақрибан соатҳои 12 – и рӯз вазъаш боз ба вахомат мегарояд ва қарибиҳои аср дунёи фониро тарк мекунад. Як инсони беозору кадри баландихтисоси соҳа буд”, - гуфт ӯ.
Профессор Абдусалом Абдукодиров - Sputnik Тоҷикистон
Даргузашти профессор Абдуқодиров, фарди маъруф дар Тоҷикистону Ӯзбекистон

Ҳайдарзода Ҷунайдулло Ниёз соли 1965 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд ёфта, баъди хидмати артиш соли 1990 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Бино ба муаррифиномаи сомонаи Прокуратураи генералии Тоҷикистон, мавсуф аз соли 1994 то 2001 муфаттиш, муфаттиши калони прокуратураи ноҳияи Роҳи оҳан (ҳоло Шоҳмансур), муфаттиши калони шуъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноии махсусан муҳими прокуратураи шаҳри Душанбе буд.

Аз соли 2001 то 2004 дар вазифаҳои сардори шуъбаи тафтишотии прокуратураи ноҳияи Марказӣ (ҳоло Фирдавсӣ) ва прокурори шуъбаи мубориза бар зидди коррупсияи прокуратураи шаҳри Душанбе кор кардааст. Соли 2004 прокурори ноҳияи Рашт таъин шуд.

Бо каронавирус мубориза бурд, аз сактаи мағзӣ фавтид: табиби ҳозиқ Раҳимов даргузашт

Аз соли 2010 то 2015 муовин, сипас сардори Раёсати ташкили кор, назорат ва қабули шаҳрвандони Прокуратураи генералии Тоҷикистон буд. Соли 2015 муовини прокурори вилояти Хатлон ва аз моҳи январи соли 2020 прокурори ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд буд.

Лентаи хабарҳо
0