Нахуст гуфтанд коронавирус, сипас саратон: директори “Шабакаҳои барқи Исфара” вафот кард

© Sputnik / Стас ЭтвешПохороны в Таджикистане, архивное фото
Похороны в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мансурҷон Ҷӯраев, директори “Шабакаҳои барқи Исфара” ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр дар синни 57 - солагӣ вафот кард

 ДУШАНБЕ, 7 ноя – Sputnik. Яке аз пайвандони марҳум ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Ҷӯраев аз хавфи ин ки ба “вируси корона” гирифтор шудаанд, аз Исфара ба Душанбе интиқол ёфтанд.

“Аммо ин ҷо маълум шуд, ки ин маризиро надоштаанд. Дар Институти гастроэнтерологии Тоҷикистон, маъруф ба “Клиникаи Мансуров” ташхис гузарондем. Маълум шуд, ки маризиашон саратони меъда будааст. Пас аз ду рӯз пизишкон рухсат карданд ва баъд аз бозгашт ба зодгоҳ пас аз ду рӯз ҷон ба ҷонофарин таслим карданд”, - гуфт ӯ.
Свеча - Sputnik Тоҷикистон
Мотам дар прокуратура: прокурори ноҳияи Зафаробод даргузашт

Мансурҷон Ҷӯраев 10 октябри соли 1963 дар деҳаи Ворухи шаҳри Исфара ба дунё омада, соли 1989 Донишгоҳи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси барқ хатм кардааст.

31 сол - аз соли 1989 то охири умр дар “Шабакаҳои барқи Исфара” кор карда, аз муҳандиси нозиру муҳандиси фурӯши барқ то сардори шӯъбаи фурӯш, муовини директор, сармуҳандис ва ду маротиба - солҳои 2015 - 2016 ва аз моҳи июли соли равон директори “Шабакаҳои барқи Исфара” будааст.

Даргузашти профессор Абдуқодиров, фарди маъруф дар Тоҷикистону Ӯзбекистон

Мансурҷон Ҷӯраев вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр буд ва унвони “Аълочии барқи тоҷик” – ро низ соҳиб шудааст. Ҷанозаи ӯ дар зодгоҳаш деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара ба хок супурда шуд.

Лентаи хабарҳо
0