16:29 01 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
270 0 0

Раиси вилояти Суғд дар Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон як қатор собиқадорони меҳнатро аëдат кардааст

ДУШАНБЕ, 7 ноя – Sputnik. Бино бар иттило дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода, нахуст сокини шаҳри Бӯстон, иштирокчии барқароркунии сохти конститутсионӣ Ҷумъахон Раҳимовро аëдат кард.

Манбаъ таъкид доштааст, ки Ҷумъахон Раҳимов солҳои зиëд дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият бурда, айни замон нафақахӯр мебошад.

“Хизматҳои арзандаи мавсуф бо медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудааст”, - қайд кардааст манбаъ.

Раиси вилоят зимни суҳбат бо Ҷумъахон Раҳимов зикр кардааст, ки хизматҳои собиқадорон доимо аз тарафи Ҳукумати кишвар қадрдонӣ карда мешавад.

Сипас раиси вилоят ба аёдати собиқ корманди мақомоти милитсия ва иштирокчии барқароркунии сохти конститутсионӣ, сокини шаҳри Хуҷанд Ғуфрон Шарифҷонов хабар гирифт.

Манбаъ таъкид доштааст, ки Ғуфрон Шарифҷонов 71 сол дошта, барои ҳифзи тартибот ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ саҳми арзанда гузоштааст.

Ҳамзамон Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Ҳамро Тоҳироваро рафта, аз хизматҳои шоистаи ӯ дар пешрафти хоҷагии халқ ëдовар шуд.

Барчаспҳо:
раиси вилояти Суғд, аёдати собиқадор, Раҷаббой Аҳммадзода, собиқадорон, меҳнат, Конститутсия, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ