21:53 03 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
236602

Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" дар бораи гаронии билети парвозҳои чартерӣ, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро аз хориҷ ба ватан интиқол медоданд, тавзеҳ дод

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Мудири ширкати "Сомон Эйр" Томас Ҳаллам иллати боло рафтани нархи чиптаи ҳавопаймоӣ барои парвозҳои чартериро шарҳ дод.

Хабаргузории Садои Хуросон аз қавли мудири ин ширкати ҳавопаймоӣ менависад, ки сар аз 20 - уми март то охирҳои октябри имсол, ширкати мазкур танҳо  416 парвоз барои хориҷ кардани шаҳрвандони бекоршудаи Тоҷикистон аз 10 кишвари хориҷӣ анҷом додааст. Ҷамъан теъдоди мусофирон ҳамагӣ 76 978 нафар будааст.

Бар асоси ин гузориш, нархи чиптаи парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон 395 евро муқаррар шуд, ки дар муқоиса бо даврони қабл аз ҳамагирии COVID - 19 ду баробар афзоиш ёфтааст.

“Тоҷик Эйр” нархи чипта ба Самарқандро ду баробар арзон кард

Ба гуфтаи мудири ширкати "Сомон Эйр", ин қимат шомили ҳақи хадамот, баҳои сӯхт, таъмири ҳавопаймо, ҳуқуқи кормандон ва молиёт мешавад, аммо имсол ба далели густариши вируси корона ба ин авориз ҳазинаи хариди либоси ҳифозатӣ барои халабонон ва меҳмондорон, зиддиуфунӣ кардани дохили ҳавопаймо ва коҳиши сандалиҳо барои риояти фосила ва муқаррароти беҳдоштӣ изофа шуда, ки рӯи қимати билет таъсир мегузорад.

Ҳамчунин бинобар эъломи "Сомон Эйр", ин ширкат маҷбур шуд 90 дарсад аз кормандони худро ба далели коҳиши шадиди теъдоди парвозҳо ба мурраххасӣ бидуни ҳуқуқ бифиристад, ки аз моҳи июли гузашта ин афрод дубора сари кори хеш ҳозир шуданд.

Барчаспҳо:
чипта, нарх, "Сомон Эйр"

Мавзӯъҳои асосӣ