04:06 04 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
427 0 0

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати фавт бар асари коронавирус сабт нашудааст

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik.  Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 42 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 8 ноябр 11 ҳазору 336 ҳолатро ташкил медиҳад.

“Дар як шабонарӯзи охир 59 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 10653 баробар гардид. Бар асари ин беморӣ 83 нафар фавтидаанд”, - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Вазорати тандурустӣ таъкид кардааст, ки то шоми имрӯз 94,0%-и гирифторони сабтшуда ба коронавирус аз ин беморӣ шифо ёфтанд.

Зикр шудааст, ки Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Мавзӯъҳои асосӣ