21:18 28 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
417 0 0

9-10 ноябр дар вилояти Хатлон, хусусан дар ноҳияҳои ҷанубии вилоят баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг) ва Рм-10 (заррачаҳои андозаашон 10мкр) дар назар аст

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Имрӯз дар Тоҷикистон хокбориш дар назар аст, исттилоъ додаанд ҳавошмносони кишвар.

Тавре АМИТ "Ховар" дар истинод ба Агентии обуҳавошиносӣ менависад, 9-10 ноябр дар вилояти Хатлон, хусусан дар ноҳияҳои ҷанубии вилоят бо сабаби омилҳои метеорологӣ (чангбоде, ки аз самти ҷанубу ғарбӣ ба мамлакат ворид мегардад) баланд шудани  ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг) ва Рм-10 (заррачаҳои андозаашон 10мкр)  дар  назар аст.

Агентии обуҳавошиносӣ ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки аз сайругашти зиёди рӯзона дар хиёбонҳо, кўчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои сернақлиёт, ки ба саломатиашон хатарнок аст, худдорӣ намоянд.  Ин вазъият ба кўдакон, пиронсолон, занҳои ҳомила ва шахсоне, ки  бемориҳои диққи нафас ва қалб доранд, таъсири манфӣ мерасонад.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона -2+3°, рӯзона 13+18° гарм, дар шарқи вилоят шабона 10-15° хунук, рӯзона 0+5° гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрнок дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 м/с, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 3-8 м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 5+10° гарм, рӯзона 11+16° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2°, рӯзона 4+9° гарм мешавад.

Борон, вале то 27 дараҷа гармӣ: пешгӯии дақиқи обуҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

Дар вилояти Хатлон  низ  ҳавои абрнок дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 7+12° гарм, рӯзона 16+21° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 6+11° гарм, рӯзона 10+15° гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0+5° гарм, рӯзона 14+19° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -2+3°, рӯзона 7+12° гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои абрнок дар назар буда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 7+9° гарм, рӯзона 13+15° гарм мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ