06:36 25 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.41
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
195 0 0

Олимпиадаи мазкур моҳи октябри соли 2020 дар Тайланд доир шуд, ки дар он зиёда аз 1500 нафар хонанда аз 22 кишвари дунё, аз ҷумла Тоҷикистон иштирок карданд

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Тоҷикистонро дар дар олимпиадаи байналмилалии "Math Challange-2020" 137 хонанда аз 10 муассисаи таҳсилоти умумии кишвар намояндагӣ карда, сазовори 87 ҷойи ифтихорӣ (36 медали тилло, 31 медали нуқра ва 20 медали биринҷӣ ) гардиданд.

Олимпиадаи мазкур моҳи октябри соли 2020 дар Тайланд доир шуд, ки дар он зиёда аз 1500 нафар хонанда аз 22 кишвари дунё, аз ҷумла Тоҷикистон, ИМА, Англия, Қазоқистон, Ветнам, Туркия, Молдова, Руминия, Нигерия, Монголия, Афғонистон, Эрон, Ироқ, Индонезия, Гурҷистон, Миср, Канада ва Бангладеш ширкат намуданд.

"Корона" садди роҳ нест: хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ 6 медал гирифтанд

Тибқи иттилои Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо аз шумораи умумии медалҳо хонандагон аз Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон 17 медали тилло ва 18 медали нуқра, Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе 4 медали тилло, 4 медали нуқра ва 11 медали биринҷӣ, Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Душанбе 6 медали тилло, Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат 1 медали тилло, Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд 2 медали тилло, 2 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ, Литсей барои хонандагони болаёқати равияи иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе 6 медали тилло, 4 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ, Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бохтар 1 медали нуқра ва 6 медали биринҷӣ, Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Турсунзода 1 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и ноҳияи Шуғнон 1 медали нуқра ба даст оварданд.

Мавзӯъҳои асосӣ