Занашро зад: боздошти шавҳар барои латукӯби ҳамсар дар ноҳияи Ҳамадонӣ

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкРуки в наручниках
Руки в наручниках - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мувофиқи санади судӣ-тиббӣ ҷароҳатҳои бардоштаи ҷабрдида зарари вазнин ба саломатӣ мансуб мебошад, менависад дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки дар ноҳияи Ҳамадонӣ марде барои латукӯби ҳамсараш дастгир шудааст.

Руки в наручниках. - Sputnik Тоҷикистон
Даҳшат: дар Мастчоҳ зане бо писараш шавҳарашро кушт - шарҳи ВКД

Бино ба иттилои манбаъ, мард сокини ноҳияи Ҳамадонӣ 37-сола бо ҳамсараш ҷанҷол карда, латукӯб намудааст. Дар натиҷа ба зан зарари вазнини ҷисмонӣ расонидааст. 

"Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайан карда шуд, ки санаи 27-уми октябри соли 2020, тахминан соати 17:00, марди 37-солаи сокини ҷамоати деҳоти Даштигулҳои ноҳияи Ҳамадонӣ, дар манзили истиқоматиаш бо ҳамсараш зани 32-сола, ҷангу ҷанҷол намуда, ӯро зери лату кӯб қарор додааст", - тавзеҳ медиҳад ВКД.

Ҳукми шавҳар барои қасдан зер кардани зану фарзандаш бо мошин-видео

Мувофиқи санади судӣ-тиббӣ ҷароҳатҳои бардоштаи ҷабрдида зарари вазнин ба саломатӣ мансуб мебошад.

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0