16:02 30 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
390001

Парвиз Асозода, дипломат, корманди сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон ва фарзанди Худоназар Асозода, донишманди шинохтаи тоҷик дар синни 53 – солагӣ вафот кард

ДУШАНБЕ, 9 ноя – Sputnik. Яке аз пайвандони марҳум ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Парвиз Асозода вақтҳои ахир аз маризии сиррози ҷигар ранҷ мебурд ва аввали моҳи равон маризиаш хуруҷ карда, ӯро аз Ишқобод ба Душанбе интиқол доданд.

"Дар Институти гастроэнтерологии Тоҷикистон, маъруф ба “Клиникаи Мансуров” бистарӣ кардем, аммо маризӣ шиддат гирифт ва бегоҳи 8 ноябр аз олам чашм пӯшид", - гуфт ӯ.

Мотам дар "Амонатбонк": Зариф Ҷӯраев даргузашт

Кормандони вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафҳаи фейсбукии ин ниҳод бо пахши як барқияи таслият ба наздикону пайвандони Парвиз Асозода аз хабари даргузашти нобаҳангоми ин дипломати собиқадор амиқан изҳори андӯҳ кардаанд.

“Дар ин рӯзи фироқи ҷонгудоз ба ҳамаи пайвандон ва наздикони марҳум сабри ҷамил хоҳонем. Ҷои шодравон фирдавси барин бошад”, - навиштаанд ҳамкорон.

Парвиз Асозода соли 1970 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

 Пас аз хатми таҳсил ба Донишгоҳи шаҳри Санъои Яман барои таҷрибаомӯзӣ рафта, пас аз бозгашт дар кафедраи забони арабии донишгоҳи мазкур омӯзгор ва баъдтар муовини сардори кафедра шуда кор кардааст.

 Аз соли 2007 барои кор ба вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон омада, аввал дар Раёсати иттилоот ва матбуот ва сипас дар сафоратҳои Тоҷикистон дар Ӯзбекистону Қазоқистон, консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Русия, муовини сардори Раёсати консулии вазорати корҳои хориҷӣ, сардори Маркази “Иттилоот ва Муошират”, мушовири Раёсати иттилоот ва матбуот фаъолият намудааст.

Як соли қабл барои кор дар сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон эъзом шуд. Падари Парвиз Асозода – профессор Худоназар Асозода, доктори улуми филологӣ, як муҳаққиқи маъруфи адабиёти классикии тоҷик буд, ки соли 2014 дар синни 73 аз олам чашм пӯшид.

Нафари дигар аз хонадони маъруфи Асозодаҳо - Мӯсо Асозода, амаки Парвиз Асозода буд, ки дар гузашта раиси Ҳизби ҳокими Халқӣ-Демократӣ дар шаҳри Душанбе ва Анҷумани воситаҳои ахбори электронии Тоҷикистон буд. Мавсуф моҳи майи соли ҷорӣ дар айни гирудор бо “вируси корона” бо зиндагӣ падруд гуфт.

Барчаспҳо:
тоҷик, донишмандон, марг, дипломат, сафорат, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ