22:48 03 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
528 0 0

Ташхиси мақомоти тандурустии вилояти Суғд собит намудааст, ки “биркаи каронавирус” ё Virus shut out, ки ду ҳафта қабл дар бозору дорухонаҳои Хуҷанд ба увони кушандаи вирус ба муомилот роҳ ёфта буд, як моли ғайримеъёрӣ аст

ДУШАНБЕ, 9 ноя – Sputnik. Илҳом Пӯлодзода, сардори Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, натиҷаи се ҳолати озмоишӣ маълум намудааст, ки гарданбандҳои Virus shut out ба талаботҳои меъёрии сифати маводи тиббӣ ҷавобгуй нестанд ва ба ин далел, ҳамаи онҳо мусодира карда шудааст.

 “Дар озмоишгоҳи экспертизаи маҳсулотҳои фармасефтӣ дар се ҳолат намунаи ин бейҷикҳо таҳлил карда шуд. Ташхисгарон нахуст таҳлили кимёвӣ гузаронида шуда, ғурушачаҳои таркиби биркаро сӯзониданд, ки мебоис таркишчаҳои озмоишӣ ҳосил мешуд, ки сурат нагирифт. Дар ҳолати дуюм тавассути ҳамроҳ намудани килслотаи сулфат таҳлил гузаронида шуд, ки боз ҳам бетағйир, яъне он доначаҳо ҳал ношуда боқӣ монданд. Таҳлили сеюми мутахассисон дар шароити ҳарорати то - 10 сурат гирифта, ки бояд дар ин ҷараён ғурушачаҳои Virus shut out ба об табдил меёфт, аммо шаклан тағйир наёфтанд. Ҳамаи ин далелҳо собит месозанд, ки ин маҳсулот ғайристандартӣ буда, хусусияти шифобахшӣ надорад” - гуфт Пӯлодзода.

 Сардори Сарраёсати ХДНТ ва ҲИА таъкид намуд, ки чунин хулосаи ниҳоди онҳо ба Прокуратури вилояти Суғд ирсол гардид ва дар асоси қарори ин мақомот ба фурӯшандаҳои ин мавод ҷарима тадбиқ намудаанд.

Пӯлодзода аз гирифтани исми муҷозотшудаҳо ба хотири ҳифзи эътиборашон худдорӣ кард, вале гуфт, чаҳор нафаре, ки ба фурӯши яклухти Virus shut out машғул буданд, нисбати ҳар яки онҳо пардохти ҷаримавӣ ба маблағи 2900 сомонӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Ду ҳафта қабл дар шаҳри Хуҷанд бозори блокатор ё ба “биркаҳои нобудкунандаи каронавирус” и Virus shut out гарм буд.

Шуморе аз сокинон бо умеди маҳви “вируси карона” аз ин гарданбандҳо истифода карда ва ҳатто ба ёру рафиқону пайвандонашон низ тавсияи харидани онро мекарданд, ки маводи диоксиди хлор (CLO2) и таркиби он гӯё давоми сӣ рӯз дар масофаи то 1, 5 метр ҳамагуна вирусро мекушад.

Ин “бейҷикҳои вирускӯш” и моли Tao Sangyo-и Ҷопон, фаротар аз дорухонаҳо дар бозору марказҳои дигари савдо роҳ ёфта ва бо арзиши аз 10 то 30 сомонӣ фурӯхта мешуданд.

Мақомоти тандурустии Суғд мегуянд, ба ҳисоби ташхиси озмоишӣ навиштори муқоваи ин маводи тиббӣ ба мардум фаҳмо нест ва мардум дақиқан намедонад, ки аз чи маводи тиббӣ истифода мекунанд. Илҳом Пӯлодзода гуфт, ахиран дар пайи рейди се рӯза ҳамаи ин “бейҷикҳои маҳвкунандаи каронавирус” мусодира ва нобуд карда шудааст.

 “Мо ба ҳамаи дорохунаҳои шаҳр оиди манъи фурӯши ин маводи пастсифат огоҳинома ирсол кардаем, дар ҳоли ошкор шудани ҳолатҳои нав, тадбиқи ҷарима ногузир аст”, - гуфт ӯ.

Барчаспҳо:
вирус, Дорухонаи шаҳрӣ, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ